Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазои сахт ба чор узви Ҳизби Таҳрир


Додгоҳи вилояти Суғд бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон парвандаи ҷиноии чаҳор узви "Ҳизб-Ут-Таҳрир" - ро мавриди бозбинӣ қарор дода, мӯҳлати ҳабси онҳоро дароз кард. Додгоҳи вилоят моҳи августи соли гузашта ин чаҳор нафарро, ки аз 21 то 34 сол доранд, дар барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ ва даъвати оммавӣ барои сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ гунаҳкор дониста, онҳоро аз 2,5 то ба 7 соли зиндон маҳкум карда буд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон, ин ҷазоро сабук шумурда, амр додааст, то парвандаи ҷиноии Исмоил ва Наим Дадобоевҳо, Рустам Ҳоҷибоев ва Ҷумъа Абдуев - сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз нав муҳокима шавад.
Ҳаким Асроров - додраси додгоҳи Суғд, ки мурофиаи мазкурро анҷом додааст, гуфт, ин навбат он чаҳор нафарро, ки бо ҳам иртиботи хешутаборӣ надоранд, аз ҳаштуним то ба ёздаҳ соли зиндон маҳкум шудаанд. Ин чор нафар ибтидои соли гузашта боздошт шуданд ва ба гуфтаи мақомот, аз манзили ду тани онҳо 500 варақа ва 4 маҷаллаи тарғиботии Ҳизб-Ут-Таҳрир мусодира шудааст.
Аммо Заррина Сангинова - вакили мудофеъи маҳкумин ҷазои дубораи муттаҳамонро ноодилона хонд. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, барои бозбинии ҷазо ба Додгоҳи Олӣ шикоят бурдааст. Дар ҳамин ҳол додситонии вилояти Суғд мегӯяд, тайи соли равон 8 аъзои дигари фаъоли "Ҳизб-Ут-Таҳрир", аз ҷумла ду донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо даҳҳо варақаҳои Ҳизб-Ут-Таҳрир боздошт шуданд ва тафтиши парвандаҳои онҳо идома дорад.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG