Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯтоҳтар шудани масофаи миёни Душанбе ва Мюнхен


Ширкати ҳавоии Тоҷикистон эълом дод, ки сар аз рӯзи 30 март хати сайри мустақими парвоз миёни Душанбе ва Мюнхен боз мешавад ва дигар ҳавопаймоҳое, ки ба ин шаҳр парвоз мекунанд, мисли пештара дар шаҳри Истамбули Туркия таввақуф нахоҳанд кард. Парвози ҳавопаймоҳо таввасути хати сайри Душанбе-Истамбул низ ҳамчунон идома хоҳанд ёфт.
Тибқи барномаи нави Ширкати ҳавоии Тоҷикистон парвозҳо ба Мюнхен рӯзҳои шанбе сурат ва ҳамагӣ 6 соатро дар бар мегирад. Дар ҳоле, ки парвози транзитӣ тавассути Истамбул ба ин шаҳри Олмон пештар то 10 соат тӯл мекашид.
Тӯли парвоз то Истамбули Туркия, ки рӯзҳои чоршанбе анҷом мешавад, 4 соатро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, Мирзои Дӯстмуҳаммад, як намояндаи масъули музофоти Қошғари Чин ба хабаргузории "Авасто" гуфтааст, ки дар давоми соли равон парвози ҳавопаймоҳо дар масири нави Қошғар-Душанбе-Қошғар шурӯъ мешаванд. Ба гуфтаи вай, тӯли парвоз дар масири ҷадид ҳамагӣ 50 дақиқаро дар бар хоҳад гирифт ва ин парвозҳоро ҳавопаймоҳои Тоҷикистону Чин анҷом хоҳанд дод.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG