Пайвандҳои дастрасӣ

Ваъдаи ҳукумати муваққатии Қирғизистон ба Аскар Оқоев


Ҳукумати муваққатии Қирғизистон имрӯз гуфт, ки раиси ҷумҳури сарнагуншудаи ин кишвар Аскар Оқоев метавонад, ба Қирғизистон баргардад ва онҳо замонати амният ва моликияти ӯро медиҳанд.
Аскар Оқоев, ки дар Русия паноҳ ёфтааст, дар чанд мусоҳиба бо расонаҳои ин кишвар ба такрор гуфт, ки ӯ ҳамчунон раиси ҷумҳури қонунии Қирғизистон аст.
Дар посух ба ин суоли хабарнигори Шабакаи Аввали Телевизиони Русия, ки оё ӯ истеъфо медиҳад, Аскар Оқоев гуфт: "Бале агар ба ман тибқи қонунҳои мавҷудаи Қирғизистон замонатҳои лозимро бидиҳанд."
Раҳбари мувақатти сохторҳои амниятии Қирғизистон Феликс Қулов дар шаҳри Бишкек ба хабарнигорон гуфт, мақомот ба Аскар Оқоев замони амнияти шахсӣ ва моликияти ӯро хоҳанд дод, то ки ӯ битавонад, тибқи муқаррарот аз мансабаш истеъфо диҳад.
Аммо дар ҳамин ҳол вакили мардумӣ Адҳам Мадумариев эълон кардааст, ки дар интихоботи ояндаи президентии ин кишвар ширкат мекунад ва дар агар ғолиб ояд, тамоми моликиятеро, ки Аксар Оқоев ва оилаи ӯ ғайриқонунӣ аз худ сохтаанд, мусодира мекунад.
Насибҷон Амонӣ, Бишкек
XS
SM
MD
LG