Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷрои дарёи Панҷро мебанданд


Туркия аз омодагии худ барои бунёди як истгоҳи барқи обӣ мавсум ба Кукчӣ дар дарёи Панҷ эълом дошт. Ин нуктаро сармоягузорони турк дар ҳамоише, ки рӯзи 29 март дар вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон баргузор гашт, баён карданд. Доктор Ҳайрӣ Қличбой - намояндаи ширкати саҳомии "Авейте Симен"-и Австрия дар ин робита ба Радиои Озодӣ гуфт, маблағгузориро дар бунёди истгоҳи барқӣ обии мазкур ҷониби Австрия, ки 400 миллион евроро ташкил мекунад, ба ӯҳда дорад ва сохтмони онро ҷониби Туркия анҷом хоҳад дод.

Вай афзуд, сохтмони ин иншоот баъди 5 моҳи корҳои омодагӣ шурӯъ хоҳад шуд: "Ҷиҳати сохтмони ин нирӯгоҳ Австрия, Туркия ва Тоҷикистон як консорсиум таъсис додаанд. Корҳои омодагиро ҷониби Тоҷикистон анҷом хоҳад дод. Дар сохтмони мазкур ҳудуди 300 нафар мутахассисони турк ширкат хоҳанд кард."

Дар ҳамин ҳол Ғафур Расулов - сухангӯи вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфт, сармоягузорони Туркия ҳамчунин барномаҳое барои коркарди алюминиум, сангҳои қимматбаҳо ва сохтмон дар Тоҷикистон таҳия кардаанд.

Ҳайъати 20 нафараи сармоягузорони турк бо сарварии Идрис Наим Шоҳин - муншии умумии ҳизби ҳоким ҳамзамон намояндаи порлумони Туркия бо сафари ҳаштрӯза дар Душанбе мебошанд ва ин ҳайъат аз корхонаҳо ва иншоотҳои мухталифи Тоҷикистон, ба монанди корхонаи алюминиум, корхонаи ашёи рӯзгори шаҳри Турсунзода дидан карда, масоили ҳамкориҳои имнбаъдаро бо Тоҷикистон бо ҳамтоёни тоҷики худ баррасӣ намуданд.
Тибқи иттилои вазорати иқтисод, дар соли 2004 табодули мол миёни Тоҷикистон ва Туркия 177 миллион долларро ташкил кардааст ва дар сурати раҳандозии барномаҳои ҷадиди тарафайн дар Тоҷикистон беш аз 3000 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд гашт.
XS
SM
MD
LG