Пайвандҳои дастрасӣ

Меваҳои "инқилоб" дар Қирғизистон


Гулноза Саидазимова

Нерӯҳои мухолифи Қирғизистон қабл аз расидан ба қудрат ду талаб доштанд, яке ин ки натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ набояд эътироф шавад ва дигарӣ раиси ҷумҳур Аскар Оқоев ба истеъфо равад. Ва ин нерӯҳо ҳоло ба онҳо нисфи орзуҳои худ расидаанд. Бо қонунӣ шинохтани порлумони нав иддае аз нозирони сиёсӣ суол мегузоранд, ки пас ҳадафи ба истилоҳ "инқилоб" чӣ буд, дар ҳоле ки маҳз интихоботи порлумони нав сабаби ошӯб ва сарнагун шудани Аскар Оқоев гардид.

Оё воқеан ҳафтаи гузашта тағйироти фавқуллодае дар Қирғизистон ба амал овард. На мегӯяд, Сергей Михеев намояндаи Маркази фанновариҳои сиёсӣ дар Маскав: "Он чизеро, ки ҳоло мебинем, вазъи бебандубор аст. Вазъият ба ҳамон вазъи пеш аз инқилобӣ фақат бе Аскар Оқоев бозгаштааст. Танҳо тақсими масъулиятҳо миёни чанд элитаҳои мухталифи сиёсӣ сурат гирифт."

Андрей Чеботарёв - таҳлилгари Пажуҳишгоҳи миллии Қазоқистон мегӯяд, ба расмият шинохтани порлумони нав як навъ созиши ду ҷониб буд, зеро Аскар Оқоев ҳанӯз ҳам истеъфо надода, мухолифинро дар халои қонунӣ гузоштааст ва ин хало нерӯҳои мухолифинро маҷбур кард, то бо қонунгузорони нав созиш кунанд:

"Вазифаи аввалиндараҷаи мухолифин таъсиси институтҳои давлатии нав аст. Чун дар оғоз худи неруҳои мухолифин натавонистанд, вазъиятро идора кунанд, акнун мехоҳанд, иштибоҳҳои худро ислоҳ намоянд. Ҳузури ҳамзамони президенти муваққат ва намояндаи мухолифин Қурмонбек Боқиев аз як сӯ ва ҷониби дигар порлумони рӯ ба Аскар Оқоев натиҷаи созишест, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ноамнӣ дар кишвар ҳосил шудааст."

Сергей Михеев мегӯяд Қурмонбек Боқиев ба ғайр аз созиш бо вакилони тозаинтихобшуда дигар илоҷе надошт: "Онҳое, ки худро раҳбарони мухолифин меноманд ва ҳоло сари қудрат ҳастанд дар воқеъ вазъиятро таҳти контрол надоранд. Ва ҳамчунин онҳо васоили идораи вазъиятро низ дар даст надоранд. Боқиевро маҷбур карданд, то машрӯъияти порлумони навро эътироф намояд. Ӯ бо он вакилони тоза интихобшуда муқобилат карда натавонист, зеро дар миёни онҳо соҳибкорон ва афроди бонуфуз зиёд ҳастанд ва ҳамчунин одамоне, ки бо ҷаҳони ҷиноӣ иртибот доранд."

Одил Байсалов раҳбари созмони ғайриҳукуматии Қирғизистон Барои Демократия ва Ҷомеаи Шаҳрвандӣ, ки созмони бузургтарини ғайридавлатии нозир дар интихоботи порлумонӣ буд, мегӯяд ҳатто он нозироне, ки интихоботро дар бархе ҳавзаҳо пуртақаллуб номиданд, бояд эътироф кунанд, ки номзадҳои дигар дар бисёре аз ҳавзаҳо қонунӣ ғолиб омадаанд.

Байсалов ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бархе аз ҳавзаҳо, ки қонуншиканиҳои ҷиддӣ сурат гирифт, интихоботи такрорӣ бояд баргузор шавад. Мусолиҳаи феълӣ миёни порлумони нав ва ҳукумати нав зоҳиран мусолиҳаи мувваққатӣ аст ва ба гуфтаи Сергей Михеев коршиноси рус ҳам Қурмонбек Боқиев президенти муваққатӣ ва ҳам порлумони нав имкон доранд, маҷрои ҳодисаҳоро ба хости худашон гардонанд:

"Агар порлумони нав қонунӣ бошад, пас Қонуни Асосии Қирғизистон, ки замони ҳокимияти Аскар Оқоев ислоҳ шуда буд, низ қонунӣ аст. Тибқи ин қонун порлумони нав назар ба порлумони кӯҳна ҳуқуқи бештар дорад. Тибқи он президент қисме аз масъулиятҳояшро ба уҳдаи порлумон гузошт. Яъне ҳатто агар Боқиев дар интихобот пирӯзӣ ёбад, танҳо як мақоми зоҳиран муҳими тобеи порлумоне мешавад, ки вакилонашро Аскар Оқоев ҳимоят мекард."

Ва ҳамзамон бо ин тибқи қонунгузории Қирғизистон ҳар нафаре, ки дар интихоботи президентӣ пирӯз шавад, ҳақи пароканда кардани порлумонро хоҳад дошт. Бузургтарин тағйирот аз натиҷаҳои ҳаводиси ҳафтаи гузашта дар Қирғизистон ба гуфтаи Михеев, барҳам хӯрдани қудрати мутамаркази Аскар Оқоев буд. Акнун ин қудрат ба чанд сиёсатмадор ва ҳомиёни онҳо тақсим шудааст ва нозирон мунтазири дидани мубориза байни онҳо барои таҳкими қудрати хеш ҳастанд. Аммо барои мардуми оддии Қирғизистон чашидани таъми меваҳои тағйироти муҳими инқилобӣ дар пеш аст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG