Пайвандҳои дастрасӣ

"Оила" рақиби "Шарқи Озод" хоҳад шуд?


Нахустин чопхонаи хусусӣ бо номи «Оила» дар Душанбе ба фаъолият оғоз кард. Раиси чопхонаи мазкур рӯзноманигор Шарифи Ҳамдампур муассис ва сардабири як идда аз нашрияҳои мустақили Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, таҷрибаи кори ӯ гувоҳ будааст, ки бидуни як матбааи хусусӣ васоити ахбори умуми мустақил дар Тоҷикистон наметавонад фаъолияти муассир дошта бошад. Оқои Ҳамдампур гуфт, таҷҳизоти муосири чопхонаи ӯ имкон доранд, дар як соат 30 ҳазор нусха нашрия дар ҳаҷми 24 саҳифаро чоп кунанд.
Масъулини нашрияҳои мустақили чопи Душанбе ба фаъолият шурӯъ кардани як чопхонаи хусусиро ба хушӣ истиқбол карданд. Раҷаби Мирзо сардабири ҳафтаномаи "Рӯзи Нав", ки аз тобистони соли гузашта наметавонад, дар чопхонае нашрияашро интишор бидиҳад, гуфт, бо раиси чопхонаи "Оила" сӯҳбате доштааст, вале мутмаин нест, ки газетаи ӯро дар ин матбаа низ чоп кунанд.
Аммо Хуршеди Атовулло сардабири нашрияи мустақили "Зиндагӣ" мегӯяд, ӯ низ бовар надорад, ки муассиси чопхонаи мазкур ва нафари дигаре ҳам, ки матбаа бунёд мекунад, ба чопи нашрияҳои сиёсии мустақили танқидгари ҳукумат иқдом кунад.
Аммо Шарифи Ҳамдампур, ки барои аввалин бор чаҳор нашрияи хусусии худро аз тариқи он интишор дод, мегӯяд, матбааи ӯ дар таҳкими фаъолияти васоити ахбори умум, мавқеъ ва мақом касб кардани ҳокимияти чаҳорум яъне матбуот дар ҷомеа кӯмак ва мусоидат хоҳад кард.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG