Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи фаъолияти порлумони пешини Қирғизистон


Маҷлиси болоии порлумони Қирғизистон ба думболи палати поёнии порлумон фаъолияти худро имрӯз қатъ кард ва роҳро барои фаъолияти порлумони нави якпалатагӣ боз намуд. Муродбек Мукашев раиси палатаи болоии порлумон ҳангоми қироати изҳороте, ки 32 вакил имзо карда буд, гуфт, маҷлиси болоӣ ба хотири амният ва парҳез аз вазъи бӯҳронӣ фаъолияти худро қатъ мекунад.
Эшонбой Қодирбеков раҳбари палатаи поёнии порлумони собиқи Қирғизистон рӯзи душанбе пеш аз қатъи фаъолияти он гуфта буд, ин маҷлис низ ба хотири хубии кишвар фаъолияти худро қатъ мекунад, агарчӣ ба эътиқоди тамоми вакилони он порлумони нав баъди қарори Додгоҳи Олӣ, ки натиҷаҳои интихоботро пуртақаллуб арзёбӣ кард, машрӯъият надорад.
Порлумони нави Қирғизистон дар пайи порлумони куҳна Қурмонбек Боқиевро дар мансаби нахуствазири ин кишвар тасдиқ кард. Боқиев ҳамчунин раиси ҷумҳури иҷроияи Қирғизистонро аст. То кунун маълум нест, ки раиси ҷумҳури собиқи кишвар Аскар Оқоев дар куҷост.
XS
SM
MD
LG