Пайвандҳои дастрасӣ

Тасдиқи Қурмонбек Боқиев дар мансаби нахуствазири Қирғизистон


Порлумони якмаҷлисаи Қирғизистон баъди зӯҳри 28-уми март Қурмонбек Боқиевро яке аз раҳбарони мухолифинро нахуствазири ин кишвар интихоб кард ва ӯ дар назди 54 вакили мардумӣ савганд ёд намуд. Ҳамчунин дар оғози ҷаласа Омурбек Текебоев - раиси Жогорку Кенеш, ё порлумони кишвар интихоб гардид. Ҳарчанд баъди баҳсҳои тӯлонӣ Комиссияи Марказии Интихобот салоҳияти порлумони навро эътироф карда, он ба фаъолият оғоз кард, то зӯҳри 28-уми март ду маҷлиси поёнии порлумони пешин - маҷлиси болоӣ ва поёнии он ҷаласаҳои хешро доир карданд.
Дар ҷаласаи маҷлиси поёнии порлумони пешин аз 60 нафар депутатҳои собиқ 25 нафарашон барои қатъи фаъолияти ин маҷлис раъй доданд ва акнун ин порлумон дигар имкони доир кардани ҷаласаро надорад. Ҷаласаи маҷлиси болоии порлумони пешин бошад, баъди зӯҳр идома дошт ва депутатҳои маҷлиси болоии порлумон тасмим гирифтаанд, ки рӯзи 29 март дар ҷаласаи ниҳоӣ хитобае ба мардуми кишвар қабул намуда, ба фаъолияти хеш хотима бахшанд.
Ҳарчанд порлумони нав ба фаъолият шурӯъ намуд, вале Қурмонбек Боқиев изҳор кард, тақрибан дар 20 ҳавзаи интихоботӣ масъалаҳои баҳсноке мавҷуданд, ки бояд Комиссияи Марказии Интихобот ва додгоҳ онҳоро баррасӣ намоянд. Оқои Боқиев аз интихобкунандагон даъват кард, то аз ҷониби комиссия ва додгоҳ бозрасӣ гардидани ин масоил сабр кунанд ва даст ба тазоҳуроту гирдиҳамоиҳо назананд. Аммо дар назди бинои порлумон бошад, ҳамоно гирдиҳамоии анқариб 300 нафар идома дорад. Гирдиҳамомадагон аз эътирофи порлумони нав ва пароканда шудани порлумони пешин эътироз доранд.
Насибҷон Амонӣ, Бишкек
XS
SM
MD
LG