Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалқаи дигаре дар занҷираи инқилобҳои махмалин дар ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ


Чаҳор шабу чаҳор рӯз боз Қирғистонро ҳукумати нав идора мекунад. Аниқтараш, ҳукумати Қирғистонро одамони нав идора мекунанд. Вале вазъият махсусан дар шаби аввал ва махсусан дар Бишкек ба куллӣ идора намешуд. Баҳои ҳама коршиносону сиёсатмадорон ва расонаҳои гурӯҳӣ буд ин. Вале чаро чунин шуд? Чаро инқилоб дар ин кишвари осиёвӣ на ба мисли Гурҷистону Украина сурат гирифт ва ранги ин инқилоб ба ҳар ҳол бо хун омехта гашт?

Умед Мавлонов - хабарнигори ҷавони тоҷик мегӯяд, бенизомиҳо ва талаву тороҷу ғоратҳо ҳама аз ҷониби ҷавононе содир шуд, ки аз ҳеҷ тараф идора намешуданд, акси Гурҷистону Украина: «Созмонҳои ҷавонӣ дар Қирғизистон ба мисли Гурҷистону Украина ташаккули комил наёфта буданд. Танҳо як қисми ками онҳо аз тарафе идора мешуданд.»

Вале Раҷаби Мирзо - сиёсатмадори ҷавони тоҷик бар ин назар аст, ки бо вуҷуди бесарусомониҳои шаби аввал ва номаълумиҳои ҳолӣ ҳаводиси Қирғизистон ба маротиб осонтар ва ба маротиб босуръаттар аз назардошти ҳама рух доданд: «Ғоратгариҳо ҳамагӣ як шаб сурат гирифтанд, як изҳороти Феликс Қулов тавонист, ки ҷамъият идора шавад.»

Вале акнун ояндаи наздики Қирғизистон чӣ гуна хоҳад буд? Ҳалқаи дигаре дар занҷираи инқилобҳои махмалин дар ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ ва ё тақдири Тоҷикистони солҳои навади асри бист? Раҷаби Мирзо:
«Ин ба вокуниши абарқудратҳо ба ин ҳаводис вобаста хоҳад буд. Ман пеш аз ҳама дар назар дорам мавқеъи Русия ва мавқеъи Амрикоро. Мавқеъи мардуми Қирғизистон аллакай маълум карда шуд ва аз ин ба баъд ҳарчӣ шавад, ба он вобаста хоҳад буд ба чигунагии мавқеъи кишварҳои хориҷӣ.»

Аскар Оқоев - раисҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон изҳор доштааст, ки суқути иҷбории низоми ӯ мухолифи сарқонуни ин кишвар буд ва ӯ ин мағлубиятро қабул надорад. Умед Мавлонов - хабарнигори ҷавон вазъи имрӯзи Қирғистонро ҳассос ва нигаронкунанда меномад ва бар ин назар аст, ки ҳукумати муваққатии Қирғизистон, қабл аз ҳама талаботи ҳама ҷонибҳоро бояд ба инобат бигирад ва аз ягон қишри ҷомеа ва гурӯҳе сарфи назар нанамояд.

Аммо таъсири тағйири ҳукумат дар Бишкек ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ гуна хоҳад буд?
Раҷаби Мирзо: «Масалан, ҳукуматҳо метавонанд аз ин ба таври худашон ибрат бигиранд. Яъне, фишангҳои фишорро ба матбуоти мустақил, ба лидерҳои мухолиф боз ҳам бештар кунанд ва дар натиҷа норозигиро ба вуҷуд биёранд. Ё метавонанд аллакай роҳи компромисро пеш бигиранд.»

Раҷаби Мирзо мегӯяд, миёни мардуми Осиёи Марказӣ акнун ақидае маъмул хоҳад шуд, ки тақдири ҳукуматҳои давр дар дасти мардум аст ва онҳоро мешавад бидуни ҷанг низ иваз кард.
XS
SM
MD
LG