Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндонӣ шудани шаҳрванди Эрон дар Тоҷикистон


Додгоҳи Вилояти Худмухтори Бадахшон шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон Ардашери Қашқориро ба мӯҳлати 8 моҳи маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Ин дуввумин шаҳрванди Эрон аст, ки додгоҳи Бадахшон ӯро дар убури ғайриқонунии марз гунаҳкор дониста ба зиндон маҳкум мекунад. Ҳар ду фарди зиндонӣ ҳангоми муҳокима гуфтаанд, ки барои дарёфти мақоми паноҳандагӣ маҷбур ба убури ғайриқонунии марз шудаанд.
Ардашери Қашқорӣ дар мурофиа гуфтааст, вай ба думболи қатли падараш ҳангоми инқилоби исломӣ 8 солро дар зиндонҳои Эрон сипарӣ кардааст. Пас аз озодӣ вай ба Афғонистон фирор карда, барои дарёфти мақоми паноҳандагӣ дар Покистон, Ҳинд ва Таиланд саъй кардааст, аммо ба мақсади хеш нарасида ва гузашта аз ин дар Таиланд барои убури ғайриқонунии марз 5 сол ба зиндон маҳкум шудааст.
Ардашери Қашқорӣ баъди анҷоми мӯҳлати зиндон дар Таиланд ва депортатсия ба Афғонистон рӯ ба сӯи Тоҷикистон овардааст. Ардашери Қашқории 43-сола моҳи сентябри соли 2004 дар минтақаи Дарвози марзи Тоҷикистону Афғонистон сарҳадро ғайриқонунӣ убур намуда, дар ин ҷо аз тарафи сарҳадбонони тоҷик дастгир шудааст.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Хоруғ
XS
SM
MD
LG