Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон


Рӯзи душанбе 28-уми март мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ оғоз шуд. Мусобиқоти имсола бо ширкати даҳ дастаи беҳтарини ин кишвар дар ду давра баргузор мешавад. Ба ҷуз ҳафт дастае, ки дар мусобиқоти соли гузашта ширкат доштанд, имсол дар лигаи олӣ се дастаи нав- «ХИМА»-и Душанбе, СКА «Помир»-и Душанбе ва «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ рақобат мекунанд.
Ин се даста, ки порсол дар лигаи якум се ҷойи аввалро ишғол карданд, барои ширкат дар мусобиқоти лигаи олӣ роҳ ёфтанд. Ду даста номашро иваз намуд. «Авиатор»-и Бобоҷон Ғафуров бо номи «Парвоз» ва «Олимп-Ансол»-и Кӯлоб бо номи «Равшан» ҳунарварӣ хоҳанд кард.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG