Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯъмаҳои осони СПИД дар Тоҷикистон


Ҳаштоду шаш дар сади мубталоёни расмии ВИЧ - СПИД дар Тоҷикистон аз понздаҳ то сиву нӯҳ сол доштаанд. Миёни 317 мубталои расмии ВИЧ СПИД, чаҳор нафари зери синни понздаҳ низ будаанд. Мансур Додарбеков - корманди маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди СПИД мегӯяд, якеи онҳо чаҳор сол дорад ва дигарӣ даҳ сол ва онҳо тавассути хунгузаронӣ мубтало шудаанд.

256 мард. 61 зан. Омори расмӣ ҳамин шумори мубталоёни ВИЧ - СПИД дар Тоҷикистонро нишон медиҳад. Даҳ маризи мубталои ба истилоҳ ин вабои аср имрӯз дар қайди ҳаёт нест ва дар Тоҷикистон аз мубталоёни расмӣ айни ҳол сесаду ҳафт нафар бо ин диагноз ба сар мебарад. Шумори расмӣ воқеъияти ҳолро нишон намедиҳад, албатта. Ва хатари густариши сареъи ВИЧ СПИД ба Тоҷикистон таҳдид мекунад. Бо ибрози нигаронӣ ва баёни ин матолиб Михаил Читалкин - намояндаи бунёди СПИД, ШАРҚ - ҒАРБ дар Тоҷикистон гуфт, хатар хеле зиёд аст ва он ки теъдоди расмии гирифторони ВИЧ СПИД аз 119 нафар дар аввали соли гузашта ба сесаду ҳабдаҳ нафар дар охири соли гузашта расидааст, яъне танҳо дар як сол панҷоҳ дар сад афзоиш ёфтааст, танҳо ҳамин рақам метавонад далели вуҷуди хатар бошад.

Бештар ин беморӣ миёни гурӯҳҳои ба истилоҳ осебпазир, яъне мӯътодон ва танфурӯшон тавсиа ёфтааст. Мансур Додарбеков - корманди Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди СПИД мегӯяд, ҳудуди шаст дар сади маризон мӯътод буда, тариқи сӯзандорӯ мубтало шудаанд. Ҳашт фоиз тавассути алоқаи ҷинсӣ ва тарзи ибтилои сиву дар сади дигар номаълум аст.

Бунёди СПИД, ШАРҚ - ҒАРБ лоиҳаи наверо барои ҷилавгирӣ аз густариши ВИЧ СПИД дар миёни гурӯҳҳои осебпазир дар Тоҷикистон шурӯъ кардааст. Лоиҳа барои се сол пешбинӣ шудааст, маблағи барои Тоҷикистон ихтисосшуда ҳудуди як миллион долларро ташкил медиҳад ва ин маблағ аз ҷониби ҳукумати Нидерландия тахсис шудааст.
XS
SM
MD
LG