Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси рӯ ба рӯи Муҳиддин Кабирӣ ва Шокирҷон Ҳакимов


Интихоботи Маҷлиси Намояндагон таври маълум эътирози шадиди чор ҳизби мухолифи Тоҷикистонро ба бор овард ва раҳбарони Ҳизби Коммунист, Наҳзати Исломӣ, Состсиал-Демократ ва Ҳизби Демократ изҳор доштанд, ки дар сурати расидагӣ накардан ба эътирози онон ва баргузории дубораи интихобот ҳадди ақал дар 4 ҳавзаи шаҳри Душанбе номзадҳои интихобшудаи худро аз Маҷлиси Намояндагон ва маҷолиси маҳаллӣ фаро хоҳанд хонд.

Аммо Ҳизби Коммунист ва Наҳзати Исломӣ баъдан аз ин мавқеъи худ қафо нишастанд ва намояндагони мунтахабашонро ба нахустин иҷлосияи Маҷлиси Намояндагон фиристоданд. Ин амал паймоншиканӣ буд, гузашт ва ё чизи дигар?
Раҳматкарими Давлат баҳси ин масъаларо бо Муҳиддини Кабирӣ, муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва узви Маҷлиси Намояндагон ва бо Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси Ҳизби Сотсиал-Демократ, ки ягон номзади ин ҳизб ба порлумон роҳ наёфт, дар миён гузошт.

Барои шунидани баҳси ҷолиби онҳо ин ҷумларо клик кунед

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG