Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cафари вазири энержии Покистон ба Душанбе


Имрӯз сафари панҷрӯзаи вазири энержӣ ва манобеъи оби Покистон Лаёқат Алӣ Ҷатой ба Тоҷикистон оғоз мешавад. Мақомоти вазорати энержии Тоҷикистон мегӯянд, баррассии ҷузъиёти барномаи бунёди хаттҳои баландшиддати нақли нирӯи барқ, ки бояд аз Тоҷикистон ба Покистон кашида шаванд, муҳимтарин масъала дар дастури кори барномаи сафари вазири покистонӣ ба Тоҷикистон аст.
Рашид Гулов, мудири департаменти вазорати энержии Тоҷикистон мегӯяд, иҷрои ин барнома танҳо дар сурати сохта шудани нирӯгоҳи Роғун мумкин мегардад ва ҷониби Покистон барои сохтани хатти мазкур кӯтоҳтарин масирро тавассути дараи Вахон интихоб кардааст. Бино оморҳои расмӣ, табодули молу коло байни Тоҷикистону Покистон танҳо дар 2 моҳи аввали соли равон воридоту содирот байни ду кишвар ба маротиб афзуда, ба 536 000 доллар расидааст.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG