Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳсҳои идомадори порлумонҳои Қирғизистон


Раиси порлумони нави Қирғизистон Омурбек Текебоев гуфтааст, ки интихоботи нави президентӣ дар ин кишвар бояд танҳо пас аз гуфтӯгу бо раиси ҷумҳури барканоршуда Аскар Оқоев баргузор шавад. Вай ҳамчунин бо ишора ба таъйини Қурманбек Боқиев ба мансаби раиси ҷумҳур ва нахуствазири кишвар гуфт, қонунгузорони қирғиз бояд ин масъалаи қонунӣ будани таъйини раҳбари иҷроияи нави кишварро баррасӣ кунанд.
Омурбек Текебоев, ки имрӯз дар шаҳри Бишкек сӯҳбат мекард, афзуд интихоби раҳбари иҷроияи нав хилофи Қонуни Асосӣ, вале бо назардошти вазъи мавҷуд буд. Қурманбек Боқиев пас аз чанд соати ишғоли қароргоҳи ҳукумати Қирғизистон ва фирори Аскар Оқоев нахуствазир ва раиси ҷумҳури муваққати ин кишвар таъйин шуд.
Баёнияи Омурбек Текебоев дар ҳоле садо дод, ки мухолифат байни порлумони нав ва куҳнаи ин кишвар идома дорад. Ҳар ду порлумон ҳамдигарро қонунӣ медонанд ва рӯзи 28 март палатаи поёнии порлумони кӯҳнаи кишвар гуфт, фаъолияти худро мутаввақиф мекунад ва аз палатаи болоии порлумон низ хост ба он пайравӣ кунад, аммо маҷлиси болоӣ ҳанӯз ҳам фаъолияташро идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG