Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Поёни "Номаҳои Ошиқона"-и ҳафтаномаи "Зиндагӣ"


Ин ҳарфҳо оғози номаи ошиқонаву пур аз эҳсоси як дуредгари шасту панҷсола ба ҳамсоядухтари ҳабдаҳсолааш аст. «Ишқи Дуредгари Пир» дар озмуни «Номаҳои Ошиқона» - и нашрияи «Зиндагӣ» пирӯз гардид. Чанд моҳ қабл, ягона нашрияи вижаи ҷавонон дар Тоҷикистон озмуне зери исми «Номаҳои Ошиқона» эълон кард ва гумон ҳам надошт, ки ин озмун ҳаводору ширкаткунандаи зиёде пайдо мекунад. Сардабири «Зиндагӣ» - Хуршеди Атовулло мегӯяд, дар маҷмӯъ, онҳо бештар аз панҷсад нома гирифтаанд, ки мутаваҷҷеҳ бошед, беш аз сесад номаро ҷавон... на, ҷавондухтарон на, ҷавонписарон навиштаанд.

Шарти аслии озмун аз тасвири ишқ, дарди ишқ, изҳори муҳаббат тавассути як номаи ошиқона бо риояи ҳама қоидаҳои хоси иншои нома иборат буд. Ҳарчанд имрӯз мегӯянд, романтизм миёни ҷавонон дигар дар мӯд нест, вале номаҳои озмуни «Зиндагӣ» далели он будааст, ки теъдоди Лайливу Маҷнунҳое, ки ишқро на ҳамчун як вожаи содда пазируфтаанд, хеле зиёд будааст дар Тоҷикистон.

Аммо ғолиби озмун номаи ошиқонаи як мӯйсафеди шасту панҷсола ба ҷавондухтари ҳабдаҳсолае гардид. Аъзои ҳакамон, ки ҳамагӣ адибону журналистон будаанд, якдилона ин номаро ғолиби озмун эълон кардаанд. «Ишқи дуредгари пир» - зери чунин унвон нашр гаштааст нома, аз қиссаи дил бастани як мӯйсафеде ба ҷавондухтари ҳабдаҳсола ва марги ӯ аз ин ишқ ҳикоя мекунад.

Аз Хуршеди Атовулло мепурсам, вале оё ҳайъати ҳакамон то чӣ андоза ба ҳақиқат будани ин - фоҷиа, бовар кардаанд? Гуфт: «Муҳим ин нест. Муҳим барои мо инъикоси ҳолати рӯҳии инсон, Муҳим барои мо баён кардани ҳолати ҳамон нафари ошиқ аст. Сюжет аҷоиб буд. Сюжети воқеъа аҷоиб буд. Дуюм, дар ин ишқ ҳама чиз нигаҳ дошта шудааст, ҳамаи он чизе, ки вобаста ба расму оинҳои мост, вобаста ба шарму иффат аст, покизагӣ. Ишқи мӯсафед ишқи пок аст. Ва ӯ аз доираи ҳамон урфу одате ки ҳаст, берун пой намениҳад.»

Ирсолкунандаи ин нома, он ҷавонмарди ҳамсояи мӯйсафед ваъда додааст, ки ҷоизаи озмун - телевизори рангаро ба духтар медиҳад. Ҷои дуввумро дар ин озмун тасвирҳои зебои дарди диле бо номи «Гиряборон» гирифтааст ва ҷои саввум насиби навиштаи дигаре зери унвони «Моро надиданду нахонданд» гаштааст.
XS
SM
MD
LG