Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳволи ду ҳамсоя: Боткани Қирғизистон ва Суғди Тоҷикистон


Боткан - Исфара Бо шурӯъи тазоҳурот дар шаҳри Боткан, маркази вилояти ҳамноми Кирғизистон, воқеъ дар тақрибан 150-километрии ҷанубу шарқи Хуҷанд ҳаракати нақлиёт байни Суғду Боткан башиддат коҳиш ёфтааст.

Боткан ва Суғд наздики 600 километр марзи муштарак доранд ва сокинони манотиқи наздимарзӣ дар бисёр маврид бо роҳҳои ягонаи нақлиёти равуо мекунанд. Назорат ба равуои нақлиёт дар посгоҳҳои марзӣ тайи рӯзҳои ахир аз ҳар ду ҷониб шадидтар шудааст. Субҳи рӯзи 26 март ҳангоми бозгашт аз Боткан ба Исфара дар дидбонгоҳҳои марзиву гумрукӣ мошини сабукрави моро, ки ронандаи он як ҷавони қирғиз буд, маъмурони интизомӣ тафтиш ва мусофиронро сабти ном карданд. Вале дар гузаргоҳи марзӣ посбонон ва кормандони гумруки тоҷику қирғиз зиёд набуданд.

Як ҳамсафари мо - ҷавонзани қирғиз аз ноҳияи Лайлаки Қирғизистон дар ин маврид гуфт: «Ман табибам ва барои иштирок дар як семинарии омӯзишӣ ба Боткан рафта будам ва дар он ҷо тазоҳурот рӯй дод. Акнун таввасути Тоҷикистон ба хонаи худ бармегардам, мебинам, ки тафтиш ва назорат сахттар шудааст. Ин ҳолат мо сокинони минтақаҳои наздимарзиро, ки ҳамарӯза аз қаламрави ҳамдигар убур мекунем, дучори мушкилоти зиёд мегардонад.»

Мусоҳибам афзуд, умедвор аст, воқеаҳои Боткан ба хушӣ поён меёбанд ва вазъ ба эътидол меояд. Ҳодисаҳои ахири Боткан сокинони мавзеъҳои вилояти Суғдро, ки бо ин вилояти Қирғизистон ҳаммарзанд, нигарон кардааст. Як тоҷири исфарагӣ бо номи Абдуваққос мегӯяд, ки тайи ҳафтаи ахир ба сабаби нооромии авзоъ дар Қирғизистон натавонистааст, ба хотири тиҷорат ба ин кишвар сафар намояд: «Мо бо роҳи Боткан то Бишкеку марзи Чин рафта молу матоъ меорем. Акнун рафтан хеле душвор. Боз бим дорем, ки дар роҳ моро ғорат накунанд. Агар ҳодисаҳои Боткан ба оромӣ ҳал нашавад, ин ба зиндагиву кори мо таъсири манфӣ мерасонад. Мумкин нархи мол низ то дараҷае боло равад.»

Ёдрас мешавем, дар маркази вилояти Боткан нирӯҳои мухолифин баъди тазоҳуроти якҳафтаӣ дар назди бинои ҳукумати вилоят 25 март мақомоти пешинро барканор ва ба ҷои он як ҳукумати муваққатиро, ки онҳо худро аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози ҳаракати мардумии Қирғизистон медонанд, сари қудрат овард. Тазоҳургарон садди кормандони мақомоти вилоятро шикаста, бо нидоҳои пирӯзӣ бинои ҳукумат ишғол ва суратҳои Аскар Оқоев - президенти Қирғизистонро пора ва нобуд намуданд. Ҳангоми ҳуҷум ба бинои ҳукумат ҳафт нафар аз зарби санг захмӣ шудааст.

Яке аз тазоҳургарон - зани миёнсол хитоб мекард: «Ман ба фарзандонам, ки дар Русия мардикорӣ мекунанд, паём мефиристам. Мо пирӯз шудем. Ҳукуматро гирифтем ва он аз они мо шуд!» Мақомоти пешини Боткан фирор карда, баъди дур шудан аз сари қудрат вокуниш нишон надодаанд ва ҷои фирорашон низ маълум нест.

Одилбек Шодиманов - сарвари дастгоҳи ҳукумати муваққати Боткан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нирӯҳои мухолифин барои пурра кардани ҳайъати ҳукумати нав ва эътидоли вазъ талош дорад. Вай дар мавриди муносибат бо мақомоти Суғд афзуд: «Мо ба ҳалли масъалаҳои сиёсии дохилии худ саъй дорем. Ва касе аз мо фикри тағйири муносибат бо вилояти Суғдро надорад. Мо 26 март бо намояндаи Суғд дар Боткан сӯҳбат доштем ва аз ӯ хоҳиш намудем, паёми моро ба мақомоти вилоят бирасонад, ки муносибати хуби мо идома хоҳад ёфт.»

Ба гуфтаи оқои Шодиманов, ҳукумати муваққати Боткан ба танзим ва беҳбуди ҳаракати нақлиёт ва равуои одамон тавассути қаламрави ҳамдигар аҳамияти аввалдараҷа қоил аст. Дар шаҳри Исфара ситоди вижа барои назорати авзоъ дар манотиқи наздимарзӣ ва мусоидат барои ҳалли мушкилот таъсис ёфтааст. Бо амри ситод ба хотири амнияти сокинон ҳаракати мусофирбарҳои Исфара аз равуо ба сӯи Боткан муваққатан боздошта шудааст. Сокинони маҳаллаҳои наздимарзӣ аз сарозер шудани фирориёни қирғиз аз Боткан ба Суғд ҳарф мезананд, аммо мақомоти ҷонибҳо ин ҳодисаро тасдиқ, ё инкор накарданд.
XS
SM
MD
LG