Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор ҳизби норозӣ шикояти такрории худро ба Кумисюни марказии интихобот супурданд


Сарони чаҳор ҳизби сиёсии Тоҷикистон, ки ба ҷараёни баргузории интихобот дар шаҳри Душанбе эътироз карда буданд, мегӯянд, аз посухи Кумисюни марказии интихобот қонеъ нашуданд ва шикояти худро ба ин ниҳод такроран пешниҳод карданд. Намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҳикматулло Сайфуллозода гуфт, Кумисюни марказии интихобот дар номаи ҷавобии худ навиштааст, ки гӯё фактҳои зикркардаи мо тасдиқ нашудаанд. Аммо, афзуд ҷаноби Сайфуллозода, тибқи қонун, Кумисюни марказии интихобот бояд дар бораи баррасии номаи шикоятии чаҳор ҳизби сиёсӣ қарори дахлдор барорад. Ба ҷои ин кумисюн танҳо бо фиристодани як номаи огоҳикунанда иктифо кардааст. Рӯзи якшанбеи гузашта Кумисюни марказии интихобот шикояти аҳзобро бепоя номида, иттиҳомоти қонуншиканиро дар ҷараёни овоздиҳии 27-уми феврал рад намуд. Раиси дафтари Кумисюни марказии интихобот Муҳибулло Додоҷонов ба Радиои Озодӣ гуфт, кумисюн шикояти аҳзобро баррасӣ кард ва агар ҳатто бархе аз далелҳои онҳо тасдиқ мешуд, кумисюн натиҷаҳои интихоботро дар як-ду ҳавза бекор мекард, вале, гуфт ҷаноби Додоҷонов ягон факти онҳо ба тасдиқ нарасид. Шикояти такрорӣ низ аз тарафи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби демократ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба Кумисюни марказии интихобот супурда шудааст. Намояндагони ин ҳизбҳо мегӯянд, интизори қарори расмии Кумисюни марказии интихобот мешаванд, то дар заминаи он ба Додгоҳи олии Тоҷикистон муроҷиат кунанд.
Абдуқаюми Қаюмзод
XS
SM
MD
LG