Пайвандҳои дастрасӣ

Назари сиёсатмадорони ҷавон ва донишомӯзони тоҷик ба рӯйдодҳои Қирғизистон


Нашри муштараки барномаҳои "Чашмандоз" ва "Ояндасоз" Ҷавонони қирғиз дар намоишҳои эътирозӣ, ишғоли биноҳои ҳукуматӣ ва ғорати дӯкону фурӯшгоҳҳо. Рӯйдодҳои Қирғизистонро мусбат мешуморед ё манфӣ? Оё ин рӯйдодҳо ба вазъи минтақа таъсире хоҳанд дошт?

Дӯстони арҷманд.
Аввалин бор ду барномаи махсуси Бахши Тоҷикии радиои Озодӣ -- "Чашмандоз" ва "Ояндасоз" дар якҷоягӣ таҳия ва нашр шуданд. Тавре медонед, "Чашмандоз" як гуфтори иттилоотию таҳлилист, ки асосан ба баррасии рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ бахшида мешавад ва "Ояндасоз" барномаест барои ҷавонон ва дар бораи ҷавонон, ки на танҳо мавзӯъҳои сиёсӣ, балки масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷавононро мавриди сӯҳбат қарор медиҳад. Мо ин бор ҳарду барномаро ба ҳам васл кардем, зеро мавзӯъе ки мавриди таҳлил қарор додем, аз як сӯ албатта, як рӯйдоди сиёсӣ аст, аммо аз сӯи дигар иштироки густардаи ҷавонон дар он, онро ба ба барномаи Ояндасоз пайванд медиҳад.
Меҳвари барномаро сӯҳбати мизи мудаввар дар студияи мо дар шаҳри Душанбе ташкил дод, ки дар он Муҳаммадзоҳир Ҳабибов, узви ҷавони Ҳизби халқию демократии Тоҷикистон, Зарафо Раҳмонӣ, узви ҷавони Ҳизби наҳзати ислом, собиқ номзад дар интихоботи порлумонӣ ва Фахриддини Холбек, таҳлилгари сиёсӣ ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, ба воситаи телефон аз Бишкек Насибҷони Амонӣ, хабарнигори мо ва Алишер Муҳаммадсолеҳов, раиси ҳамоҳангсози ҳаракати "Кел-Кел"-и ҷавонони Қирғизистон ва Нилуфар Буриева, донишҷӯи тоҷик дар Киев, пойтахти Украина, иштирок карданд. Дар ҷараёни гуфтор ҳамчунин ҷавонони тоҷик дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар робита бо рӯйдодҳои Қирғизистон изҳори назар карданд.
Тавре медонед, дар Қирғизистон намоишҳои эътирозӣ, ки ба думболи интихобот авҷ гирифтанд, бо ҳамла ба биноҳои маъмурӣ, барканории ҳукумат ва ба сари кор омадани оппозисюнии қирғиз ба поён расиданд. Аввал дар Ӯш ва Ҷалолобод намоишҳо доир шуд, ки дар онҳо ҳукумат ба фиребгарӣ дар интихобот айбдор карда шуд ва талаб гузошта шуд, ки интихоботи такрорӣ сурат гирад. Кохи раёсатҷумҳурӣ ва бинои ҳукумати ин кишвар дар Бишкек замоне ишғол шуданд, ки полис кӯшиш кард, намоиши осоиштаи норозиёнро дар ин ҷо пароканда кунад. Эътирозгарон радиову телевизиони миллиро гирифтанд ва раҳбари оппозисюн, ноиб-президенти пешини Қирғизистон, Феликс Қуловро аз маҳбас озод карданд.
Пеш аз ин президенти мамлакат Аскар Оқоев кишварро тарк кард ва макони ӯ маълум нест ва ҳайъати қаблии порлумон намояндаи оппозисюн, сарвазири пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиевро иҷрокунандаи вазифаи президент интихоб кард.
Дар ин байн ҳарҷу марҷ ва беҳукуматӣ сабаби ғорати дӯкону фурӯшгоҳҳо ва занозаниву даргириҳо гардид. Дар бораи се нафари кушташуда низ хабар нашр шудааст. Раҳбари нави Қирғизистон маҷбур шуд, нирӯҳои интизомӣ ва артишро ба Бишкек ворид кунад, то тартибу низомро нигаҳ дорад. Дар ҳамаи ин рӯйдодҳо ҷавонони Қирғизистон иштироки фаъол доштанд. Чи дар намоишҳои эътирозӣ ва чи дар ғорати фурӯшгоҳҳо. Ширкаткунандагони гуфтугӯ, назари худро ба ин рӯйдодҳо, нақши ҷавонон дар онҳо ва таъсири эҳтимолии ҳолати нав ба вазъият дар кишварҳои минтақа баён намуданд...

Ва аввалин вокуниш ба ин барнома, ки чанд дақиқа баъд аз пахши он ба мо расид:

"Салом ба ҳамаи кормандони Радиои Озодӣ.
Ман ҳоло барномаи муштараки Чашмандоз ва Ояндасозро гӯш карда, хеле хурсанд шудам. Сӯҳбатҳо дар бораи ояндаи Тоҷикистон ба ман хеле маъқул шуд ва инчунин сӯҳбатҳои мӯҳтарама Нилуфар Буриева хеле озодона ва хеле ҷолиб буд ва умедворам, ки Тоҷикистони мо ҳам рӯзе аз дасти мансабталошон раҳоӣ хоҳад ёфт. Саломат бошед.
Бобо Чимтарга."
XS
SM
MD
LG