Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз мансаб сабукдӯш ва узви Маҷлиси Миллӣ таъйин шудани Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода


Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки рӯзи 25-уми март бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақоми муовини аввали нахуствазири кишвар сабукдӯш ва узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, палатаи болоии порлумон таъйин шуд, дар вокуниш ба ҳаводиси Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфт, "тавре раҳбари мухолифини ин кишвар Феликс Қулов пешниҳод кард, бояд Аскар Оқоев раиси ҷумҳури Қирғизистон бо роҳи қонунӣ ба истеъфо равад ва як ҳукумати муросои миллӣ бо ширкати намояндагони тамоми манотиқ то интихоботи муҷаддади порлумон ва раёсати ҷумҳурӣ ташкил шавад. Ӯ афзуд, ки ҳаводис бояд барои кишварҳои дигари минтақа як дарси бошад ва онҳо бояд ибрат бигиранд, ки билохира ба раъйи мардум ҳамеша бояд эҳтиром қоил шуд ва раъйи онҳоро набояд нодида гирифт."
Ин ҷумларо клик кунед ва мусоҳибаи комили Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро бишнавед.
XS
SM
MD
LG