Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви размоишҳо дар Қирғизистон


Марҳалаи аввали размоиши нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ таҳти унвони "Марз-2005", ки қарор буд, дар Қирғизистон доир шавад, дар пайи бӯҳрони сиёсӣ дар ин кишвар баргузор нахоҳад шуд. Шералӣ Хайруллоев - вазири дифоъи Тоҷикистон, ки масъулияти фармондеҳии машқҳои низомии Марз-2005 - ро ба ӯҳда дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, бархе аз кишварҳои узви паймон аз ширкат дар марҳалаи аввали тамриноти низомии нақшавӣ дар Қирғизистон худдорӣ карданд.
Оқои Хайруллоев гуфт, ба ҳайси фармондеҳи размоиши мазкур тасмим гирифтааст, ҳар ду марҳалаи тамриноти низомии нирӯҳои кишварҳои узви паймон Русия, Қазоқистон, Қирғизистон дар Тоҷикистон баргузор шавад. Воҳидҳои низомии Қазоқистон ба манзури ширкат дар машқҳо, ки қарор аст аз 29 март то 6 апрел дар машқгоҳи вилояти Хатлон доир шавад, вориди Душанбе шудааст. Воҳидҳои низомии Қирғизистон қабл аз таҳаввулоти сиёсии ин кишвар вориди Тоҷикистон шудаанд.
Вазири дифои Тоҷикистон ба унвони фармондеҳи тамриноти низомии Марз-2005 гуфт, ҳадаф аз баргузории ин размоиш ҳамоҳангии фаъолияти нерӯҳои мусаллаҳи ин кишварҳо дар мубориза бо хатароти ношӣ аз гурӯҳҳои террористӣ ва табаҳкор, ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва таҳкими амнияти марзҳои ҷануби кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ мебошад. Дар размоиш ҳудуди чаҳор ҳазор сарбозу афсар аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG