Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши кишварҳо ба ҳаводиси Қирғизистон


Раҳбари нави иҷроияи Қирғизистон Қурманбек Боқиев, ҳукумати муваққатии кишвар, ки дар ҳоли ташкил шудан аст, то се моҳи дигар интихоботи порлумонии нав баргузор мекунад. Боқиев ин баёнияро пас аз эълон шудани ӯ таввасути порлумон ба ҳайси раҳбари муваққатии кишвар эълон кард.
Аммо маълум нест, ки интихоботи такрорӣ дар бархе ҳавзаҳо баргузор мегардад, ё тамоми ҳавзаҳо. Боқиев доир ба Аскар Оқоев раиси ҷумҳури сарнагуншудаи ин кишвар чизе нагуфт ва ҳанӯз ҳам маълум нест, ки ӯ дар куҷост. Раҳбари муваққатии Қирғизистон ба хатми ғоратгарӣ ва хушунат дар Бишкек, ки шаби гузашта сабаби марги 4 нафар шуд, даъват кард. Ҳамчунин шаби гузашта 170 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд.
Раҳбарони кишварҳои ҷавон доир ба ҳаводиси Қирғизистон вокунишҳои мухталиф нишон додаанд.
Нурсултон Назарбоев - раиси ҷумҳури Қазоқистон дар ин робита гуфтааст: "Комилан рӯшан аст, ки душвориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ки солҳо дар ин кишвар ҷамъ шуда буд, боиси фақр ва бекории сартосарӣ шуд. Чунин вазъ сабаби оғози тазоҳуроти худҷӯш дар бисёре аз минтақаҳои ин кишвар гардид."
Владимир Путин - раиси ҷумҳури Русия тағйироти ахир дар раҳбарияти Қирғизистонро ғайриқонунӣ хонд, вале гуфт: "Русия умедвор аст, бо мақомоти наве, ки дар ин кишвар рӯи кор меоянд, муносиботи нек барқарор кунад."
Кондолиза Райс - вазири умури хориҷаи Амрико изҳор дошт: "Хости мо ин аст, ки руйдодҳои ахири Қирғизистон рӯ ба субот орад, дар шароити ором интихобот баргузор шавад ва пешрафт таъмин шавад. Возеҳ аст, ки ҳар кас бояд харобкориро канор бигзорад. Дар чунин равандҳое ҷой барои харобкорӣ вуҷуд надорад."
XS
SM
MD
LG