Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эшонбой Қодирбеков президенти муваққати Қирғизистон интихоб шуд


Тазоҳуроти мухолифин дар пойтахти Қирғизистон шаҳри Бишкек дирӯз мунҷар ба даргирии байни издиҳоми тазоҳургарон бо нируҳои милиса шуд, ки дар ниҳоят бо тасарруфи сохтмонҳои муҳими давлатӣ аз сӯи тазоҳургарон анҷом ёфт.

Мухолифин Кохи раёсатҷумҳурӣ ва бинои родиёву телевизиони давлатиро ишғол намуда, ноиби собиқи раисиҷумҳур Феликс Қуловро аз маҳбас раҳо карданд. Феликс Қулов дар пайи раҳоияш аз зиндон билофосила раҳбари хадамоти амнияти миллии Қирғизистон таъйин шуд. Вай гуфт, пеш аз ҳама барои барқарор сохтани назму тартибот талош хоҳад кард: "Мо талош хоҳем кард, тартиботро то субҳи ҷумъа барқарор кунем. Ман ҳама корро барои ин хоҳам кард."

Додгоҳи Олии Қирғизистон ҳамзамон натоиҷи интихоботи ахири порлумониро, ки сабаби аслии тазоҳуроти чандинрӯзаи мардум дар кишвар шуда буд, лағв намуд. Раиси Додгоҳи Қонуни Асосии Қирғизистон Чолпон Бекова гуфт, сарвазир Николай Танаев истеъфо додааст.

Шоми дирӯз порлумони пешини Қирғизистон бо ташкили як иҷлосияи изтирорӣ Эшонбой Қодирбековро раиси порлумон ва раисиҷумҳури муваққати кишвар интихоб кард. Раҳбарии ҳукумати муваққат ба Шӯрои ҳамоҳангсози Иттиҳоди мардуми Қирғизистон супурда мешавад, ки раёсаташро яке аз раҳбарони мухолифин Қурмонбек Боқиев бар ӯҳда дорад.

Хабарнигори Родиёи Озодӣ дар Қирғизистон мегӯяд, тайи субҳи панҷшанбе дар Бишкек мағозаҳову сохтмонҳое, ки ба Аскар Оқоев ва аҳли хонаводаи ӯ тааллуқ доштанд, аз ҷониби издиҳом ғорат шуданд. Ин дар ҳолест, ки макони будубоши президент Аскар Оқоев то ҳол маълум нест ва, ба гуфтаи Қурмонбек Боқиев Оқоев, ӯ алакай қаламрави Қирғизистонро тарк кардааст. Аммо Бахтибек Абдурисоев, сафири Қирғизистон дар Амрико, шоми 24 март гуфт, Аскар Оқоев дар як макони амн буда, аз мақомаш истеъфо надодааст.

Дабири кулли СММ Куфӣ Анон ба оромӣ дар Қирғизистон даъват кардааст. Сухангӯи СММ гуфт, ки оқои Анон таҳаввули вазъ дар Қирғизистонро бо таваҷҷуҳ назора мекунад. Амрико гуфтааст, ба ҳифзи субот дар Қирғизистон манфиатдор ҳаст ва тазоҳургарони қирғизро ба сӯи хештандорӣ даъват мекунад.

Фиристодаи хоси раиси давраии САҲА Алоиз Петержела аз ҳама ҷонибҳои низоъ дар Қирғизистон даъват кард, ҷиҳати дарёфти як роҳи осоиштаи бӯҳрони кунунӣ амал кунанд. Аммо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дирӯз гуфт, ки САҲА низ то ҷое дар чунин сурати ҳол дар Қирғизистон масъул ҳаст. Оқои Лавров ғолибан натиҷагирии нозирони САҲА аз ҷараёни интихоботи ахири порлумони Қирғизистонро дар назар дошт.

Ҳаводиси дирӯз иттифоқуфтода дар Қирғизистонро алакай бо айни ҳаводиси инқилобӣ дар Гурҷистону Украина монанд мекунанд. Таври маълум, дар он ду кишвар ҳам тазоҳуроти мардум ба нишони эътироз ба тақаллуби натоиҷи интихобот шурӯъ шуда, дар ниҳоят мунҷар ба тағйири қудрат ва ба раъси он кишварҳо расидани мухолифин шуда буд. Раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвили, ки барои анҷоми як сафари расмии серӯза вориди Украина шудааст, дирӯз пеш аз тарки Тифлис дар бораи ҳаводиси Қирғизистон гуфт: "Мо ба раисиҷумҳур Оқоев пешниҳод карда будем, ки роҳи осоиштаи ҳалли масъаларо биҷӯяд. Муттаассифона, як рӯз пеш посухи вай ба ин пешниҳод чунин буд, ки ҳама аъзои мухолифин ҷинояткоранд. Ман қатъиян ба ин розӣ нестам. Ман бовар дорам, ки дар байни онҳо нафарони хеле оқил ҳаст ва мо аз мухолифини қирғиз даъват мекунем, ки амнияти ҷисмони президент ва хонаводаи вайро замонат дода, аз роҳи хушунат ҷилавгирӣ кунанд."
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG