Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазои Ҳизби Коммунист ба раҳбари вилоятии он


Ба дунболи нокомӣ дар интихоботи порлумонии 27-уми феврали Тоҷикистон масъулони Ҳизби Коммунисти Хатлон зимни ҷаласаи ахири худ, Саидвалӣ Назаров, дабири аввали Ҳизби Коммунисти шаҳри Қурғонтеппаро аз вазифа барканор карданд. Ба гуфтаи Бурӣ Султонов, раиси бахши Ҳизби Коммунист дар вилоят иллати аслии барканор намудани Саидвалӣ Назаров он аст, ки бо айби ӯ ягон номзади ҳизб ба вакилии маҷлиси вакилон ва маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб нашуданд.
Оқои Султонов афзуд, дар ҷаласа раиси Ҳизби Коммунисти шаҳри Қӯрғонтеппа Майрамбӣ Ёрова, устоди коллеҷи омӯзгории шаҳр, ки бештар аз 20 сол собиқаи коммунистӣ дорад, интихоб гардид. Раиси бахши Ҳизби Коммунист дар Хатлон мегӯяд, номзадҳои ҳизб, ки дар интихоботи порлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ бе ягон сабаб ва огаҳӣ номзадии худро бозпас хонданд ва нуфузи ҳизбро халалдор карданд, ҷазо хоҳанд гирифт. Ба ҳамин тартиб гуфт оқои Султонов, Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар Хатлон сафҳои худро аз нафарони тасодуфӣ пок сохта, фаъолияти ҳизбиро барои оянда ба танзим хоҳад овард.
Барот Юсуфӣ, Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG