Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озод шудани раҳбари мухолифини Қирғизистон


Тазоҳургарони қирғиз рӯзи панҷшанбе қароргоҳи ҳукумати Қирғизистон ва телевизиону радиои давлатиро дар шаҳри Бишкек ишғол карда, истеъфои Аскар Оқоев - раиси ҷумҳури ин кишварро талаб намуданд. Аммо то кунун маълум нест, ки Аскар Оқоев дар куҷост ва то ин соат баёнияе низ пахш накардааст.
Яке аз раҳбарони мухолифи Қирғизистон нахуствазири собиқ Қурманбек Боқиев ваъда додааст, ки интихоботи нав баргузор мешавад ва ҳамчунин ба нерӯҳои амниятӣ ҳушдор додааст, ба тазоҳурот бипайванданд.
Тазоҳургарон раҳбари шинохтаи мухолифин генерал Феликс Қуловро аз зиндон раҳо кардаанд ва таввасути телевизион намоишҳои эътирозӣ дар майдонҳоро намоиш медиҳанд. Пас аз ишғоли радиои давлатӣ ин расона ба пахши барномаҳои бахши қирғизии Радиои Озодӣ шурӯъ кардааст.
Тазоҳургарон пас аз бархӯрд бо ҷонибдорони Аскар Оқоев қароргоҳи ҳукуматро ишғол карданд ва кормандони полис низ ба зудӣ аз ҷойи ҳодиса фирор намуда, дигар ба он ҷо бознагаштанд. Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар дигар шаҳрҳои Қирғизистон аз ҷумла Ӯш ва Ҷалолободу Боткан идома доранд. Ин тазоҳургарон аз чанд ҳафта пеш ба нишони эътироз аз натиҷаҳои интихобот, ки ба гуфтаи онҳо дар он ба фоидаи ҳукумат таққалуб шудааст, ба хиёбонҳо баромада буданд.
XS
SM
MD
LG