Пайвандҳои дастрасӣ

Ба "Озодӣ" дар бораи озодӣ. Номаҳои Шумо дар барномаи Ҳамнафас.


ранги озодӣ кабуд аст... Мегӯянд Дар нашри навбатии барномаи Ҳамнафас раҳгузарон дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе, истифодабарандагони саҳифаи интернетии Бахши Тоҷикии радиои Озодӣ ва коршиносон аз донишгоҳҳои Амрикоӣ дар бораи маъниҳои вожаи "озодӣ" изҳори андеша карданд.

Салом ба барномаи Ҳамнафас!
Озодӣ ин бол кушодан дар ҳаво, рафтан ба ҳар куҷое ки дил мехоҳаду касе ғаразат намегирад. Озодии сухан, амал, ҳуқуқ ва мулоқот. Набояд ҳуқуқи озод будан поймол шавад. Мисли парандае ки дар фазо парвоз мекунад.
Мусофир
------------------------------
Озодӣ, ба фикри ман ин, якум, дар куҷое ки бошӣ, озодона фикри худро баён кардан, дуюм, дар кадом давлат ки хоҳӣ зиндагӣ кардан ва сеюм, кадом мақола ё нашрия, ё китобе ки маъқулат бошад, хондан.
Муяссар Душанбиев
-------------------------------
Бо номи худо,
Озодӣ дорои ду маъност, яке маънои ом ва мутлақ, яъне бе қайду шарт, бе бандуборӣ. Ин аз назари ман ва тамоми инсонҳои оқил қобили қабул нест. Вале озодӣ маънои дигаре дорад ва он ин ки озодӣ дар чаҳорчӯби як қонун, яъне озодии қонунманд. Ин маъно ба назари ман саҳеҳ мерасад ва зимнан назари дини ислом ба озодӣ низ ҳамин гуна аст.
Мутаҳҳаррӣ
--------------------------------
Ман озодиро ҳамин хел мефаҳмам, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқи худашро донад ва истифода бурда тавонад. Аммо ман аз шумо як савол дорам, ки агар дар кишвари мо озодӣ ҳаст ва Тоҷикистон давлати демократист, бигзор бо аввалин қадамҳо, оё нашрияҳое монанди "Рӯзи нав" ва "Нирӯи сухан" ҳаққи мавҷудият доранд ё на?
Анвархӯҷа Тӯраев
------------------------------------
Салом ба ҳамнафасони азиз. Дар робита бо саволи пешина ман шумораи телефони худро фиристода будам ва ростӣ, интизори занги телефон будам. Аммо дар робита ба ин савол бояд бигӯям, озодӣ як ҳаққи зотии инсон аст. Беҳуда нест, ки аз шунидани ин калима кас роҳат мекунад. Дар айни ҳол ин як неъмати бузургест, ки бояд қиматашро донист ва аз он дуруст истифода кард. Худованди бузург моро офарид, дастурҳояшро гузошт ва ҳамзамон озодии интихобро низ. Биноан, интихоби саҳеҳ ва озодии ҳақиқӣ бе донишу хирад вуҷуд дошта наметавонанд.
Аминҷон

----------------------------------
Салом, дӯсти азиз.
Шояд дар тӯли таърих ҳеҷ калима ба андозаи "озодӣ" баҳсбарангез набудааст. Озодиро метавон ба чанд даста тақсим кард ва умдаи онҳо иборатанд: Якум, озодии сиёсӣ. Дуюм, озодии иҷтимоӣ. Сеюм, озодии иқтисодӣ.
Озодии сиёсӣ ба мардум имкон медиҳад, ки дар ҳукумат нақш дошта бошанд. Ҳаққи овоз додан ва интихоби номзадҳо барои шӯроҳо, ташкили аҳзоб ва ғайра. Озодии иҷтимоӣ шомили озодии баён, матбуот, фарҳанг, ҷамъомад. Озодии иқтисодӣ ҳаққи истифода аз моликият ва тавлидот, ҳаққи кор ва даромад. Албатта, тамоми инҳо маҳдуд ҳастанд ва ҳеҷ оқиле озодии мутлақро қабул надорад. Аммо озодии иҷтимоиро худо додааст ва ҳоҷат ба решаёбии фалсафӣ надорад. Марзи озодиро манфиатҳои моддӣ ва маънавии ҷомеъа ташкил медиҳанд.
Тихи
XS
SM
MD
LG