Пайвандҳои дастрасӣ

Марзбонони тоҷик соҳиби таълимгоҳи дигар мешаванд


Таҳвили таълимгоҳи низомии нерӯҳои марзбонии Русия, дар ҳошияи шаҳри Душанбе ба ихтиёри марзбонони тоҷик оғоз ёфтааст. Петр Гордиенко - масъули маркази матбуотии нерӯҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон - ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳвили таълимгоҳ тибқи созишнома доир ба хуруҷи тадриҷии марзбонони рус аз Тоҷикистон сурат мегирад ва бояд 30 март анҷом пазирад.Бар асоси созишнома, ки 16 октябри соли 2004 имзо шуд, соли гузашта таълимгоҳи дигари нерӯҳои марзбонии Русия, воқеъ дар мавзеъи Лоҳур, 40-километрии ҷанубу шарқи Душанбе дар ихтиёри марзбонии тоҷик қарор гирифт.
Бино ба иттилои маркази матбуоти нерӯҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон, таълимгоҳи низомии воқеъ дар ғарби Душанбе аз аввалин таълимгоҳҳои ин нерӯҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин таълимгоҳ аз соли 1932 фаъол будааст ва то кунун чун маркази аслии таълиму бозомӯзии марзбонон мавриди истифода қарор доштааст.
Пётр Гордиенко гуфт, аз соли 1995 то кунун 22 дастпарвари ин марказ барои нишон додани шуҷоат дар ҳимояти марзи байни Тоҷикистону Афғонистон сазовори мукофотҳои давлатӣ мушарраф шудаанд. Кумитаи марзбонии Тоҷикистон то кунун ҳифозати беш аз 880 километр марз миёни Афғонистону Тоҷикистонро ба ӯҳдаи хеш гирифтааст ва қарор аст, то охири имсол ҳимояти ин марз пурра ба ихтиёри марзбонони тоҷик бигзарад.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG