Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон хостори ҳалли сулҳомези бӯҳрони Қирғизистон шуд


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи чоршанбе, 23 март зимни нашри як баёния аз ҳаводиси кишвари ҳамсоя Қирғизистон изҳори нигаронӣ карда ва ҳамзамон хостори ҳалли бӯҳрони пешомада тавассути музокира шудааст.
Игор Сатторов - сухангӯи вазорати хориҷии Тоҷикистон дар ин робита ба Радиои Озодӣ гуфт, "Тоҷикистон, ки даҳшати ҷанги дохилиро пушти сар кардааст, ҳалли чунин мушкилотро ҳамеша тавассути музокира ва гуфтӯгу ва дар бистари Қонуни Асосии Қирғизистон мумкин медонад. Ҳар гуна ҳадафи сиёсӣ, бо вуҷуди пӯшонидани қабои хайрхоҳӣ ба он наметавонад, тундравии сиёсӣ ва амали ғайриқонунӣ ва хушунатро барҳақ ҷилва диҳад. Ин ҳаводис на танҳо барои кишвари ҳамсояи Қирғизистон, балки барои тамоми минтақа паёмади хатарзо хоҳад дошт.
Дар ин баёнияи вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин изҳори умедворӣ шудааст, ки билохира хирад бар эҳсос боло хоҳад гирифт ва мушкили пешомада бо кор гирифтан аз роҳҳои муносиб ва музокира ҳал хоҳад шуд."
Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин барои мусоидати сиёсӣ ва маънавӣ ҷиҳати ҳалли ин бӯҳрон изҳори омодагӣ кардааст.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG