Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давлати Қирғизистон бо мухолифин пушти мизи музокирот нишастанӣ нест


Дар ҳоле, ки тазоҳуроти мухолифини қирғиз ҳанӯз идома дошт, рӯзи сешанбе нахустин иҷлосияи порлумони ҷадиди Қирғизистон доир шуд. Раисиҷумҳури Қирғизистон Аскар Оқоев, ки дар ин иҷлосия сухан меронд, гуфт, натоиҷи интихоботи порлумонӣ ба эътибори худ боқӣ хоҳад монд. Лағви натоиҷи интихобот ва истеъфои президент Оқоев, таври маълум, умдатарин талаботи тазоҳургарон аст.

Бино ба гузоришҳои расида, тазоҳургарон сохтмонҳои муҳими давлатиро дар шаҳрҳои Ӯшу Ҷалолобод, Қучқору Қадамҷой ва Талас таҳти тасарруфи худ нигоҳ медоранд. Бино бар хабарҳо, мухолифин дар шаҳри Ӯш, ки баъди пойтахт, шаҳри Бишкек дуввумин шаҳри бузурги Қирғизистон маҳсуб мешавад, ба хотири таъмини тартибот ба таъсиси ҳайъатҳои муштараки дидбонӣ шурӯъ кардаанд.

Порлумони Қирғизистон дар иҷлосияи рӯзи сешанбеаш бо қабули як қарор аз раисиҷумҳур Аскар Оқоев даъват кард, ба хотири оддӣ сохтани авзоъ дар кишвар вазъи изтирорӣ ҷорӣ кунад. Сарвазири Қирғизистон Николай Танаев ҳам дар баробари аъзои порлумон изҳор дошт, ки давлат бо мухолифин пушти мизи музокирот нахоҳад нишаст: "То замоне ки онҳо сохторҳои мавҷудаи давлатиро барқарор накнунд ва то замоне, ки авзоъ ба ҳоли пешинаш барнагардад, мо бо онҳо пушти як мизи музокирот нахоҳем нишаст."

Ва аммо намояндагони ҷомиъаи байналмилалӣ бо исрор аз ҳар ду ҷониби давлат ва мухолифини қирғиз даъват доранд, ҷанҷоли пешомада бар сари натоиҷи интихоботи ахири порлумонии Қирғизистонро аз роҳи музокирот ҳалл кунанд. Рӯзи сешанбе раиси давраии САҲА Дмитрий Рупел зимни як сӯҳбати телефонӣ бо раисиҷумҳури Қирғизистон Аскар Оқоев кӯмаки ин созмонро ҷиҳати ҳалли бӯҳрони пешомада дар он кишвар пешниҳод кардааст. Аскар Оқоев ба навбаи худ аз пешниҳоди сафари фиристодаи хоси раиси САҲА дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Алоиз Петержела ба Бишкек истиқбол намуд. Президенти Гурҷистон Михоил Саакашвили низ ҷиҳати ҳалли ин бӯҳрон худро ба ҳайси миёнарав пешниҳод кардааст.

Амрико рӯзи сешанбе аз давлат ва мухолифини қирғиз даъват кард, баҳси уфтода бар сари натоиҷи интихоботи ахири порлумонии он кишварро бидуни хушунат ҳалл намоянд. Адам Эрели, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфт: "Мо хушунатро ба таври рӯшан маҳкум мекунем. Ба фикри ман, сафири мо ва мақомоти баландпоя дар Вошингтон болои раҳбарони давлат ва мухолифини Қирғизистон фишор хоҳанд овард, то ки онҳо ҳар чӣ зудтар ба дидори ҳам рафта, ихтилофи назарҳои худро бар сари интихоботи порлумон ва роҳҳои рушди демократияро тибқи чаҳорчӯби Қонуни Асосии Қирғизистон ҳаллу фасл кунанд."

Адам Эрели аз ибтикори президенти Қирғизистон Аскар Оқоев истиқбол намуд, ки рӯзи душанбе таҳқиқи ҳама мавориди қонуншиканӣ дар ҷараёни интихоботи рӯзҳои 27 феврал ва 13 мартро аз раҳбарони Кумиссиюни Марказии Интихобот ва Додгоҳи Олии кишвараш тақозо кардааст. Аммо оқои Эрели афзуд, суханони вай ба маънии манъ кардани мардуми қирғиз аз ҳаққи ибрози назарашон дар бораи тарзи баргузории интихобот нест.

Дар пасманзари ташаннуҷи авзоъ дар Қирғизистони ҳамсоя нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, мизони ҳифозати марзҳои Тоҷикистон бо Қириғизистонро дар Ҷиргатол ва вилоятҳои Суғду Бадахшон таҳким бахшанд. Таҳкими бештари марз дар манотиқи бо вилояти Ӯши Қирғизистон ҳаммарзи Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт. Зимнан Узбакистон, ҳамсоякишвари дигари Қирғизистон низ режими ҳифозати марзҳояш бо он кишварро таҳким додааст.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG