Пайвандҳои дастрасӣ

Иди Наврӯз имсол ғайриоддӣ буд


Дар тафовут аз иди Наврӯз дар солҳои гузашта, имсол маросими идона на дар шаҳри Душанбе, балки ноҳияи Ваҳдат ва на бо суханони мақомоти давлат, балки бо паёми табрикии шоираи шинохтаи тоҷик Фарзона бо ҳузури ҳазорон тан аз мардум оғоз гардид. Баъд аз як порча шеъри Фарзона, ки худаш қироат кард, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов зимни паёми наврӯзӣ ба ҷамъомадагон ва мардуми кишвараш гуфт, ки Наврӯз иди суннатии мардуми ориёӣ ва аз ҷумла тоҷикон мебошад. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, Наврӯз баъд аз Иди истиқлолияти миллӣ дуюмин ҷашни муҳими суннатӣ барои хурду бузурги кишвараш мебошад.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ноҳияи Ваҳдатро яке аз чаҳор дарвозаи пойтахти кишвар арзёбӣ карда афзуд,ки бо баҳонаи баргузории ҷашни Наврӯз имконияти ободу зебо кардани шаҳрҳои ҳафшафат бо Душанбе бештар мешавад. Давродаври наврӯзгоҳи имсола дар майдони марказии ноҳияи Ваҳдат ва ҷодаҳои он дар ҳалқаи нируҳои интизомии кишвар қарор дошт, ки бархе аз намояндагонги он мусаллаҳ буданд.
Абдуқаюми Қаюмзод, ноҳияи Ваҳдат
XS
SM
MD
LG