Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзи хуҷастапай ба ҳамаи шумо муборак


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таҷлили ҷашни Наврӯз ду рӯзро таътил эълон кардааст ва дар пойтахти ин кишвар шаҳри Душанбе ва дигар навоҳии он ба таҷлили ин иди бостонии мардуми форсизабон шурӯъ намудаанд. Рӯзи гузашта дар кохи Ваҳдат, яке аз толорҳои бузурги шаҳри Душанбе шоирону ҳунармандони саршиноси тоҷик гирди ҳам омада, аз таърихи Наврӯз гуфтанду ашъори худро дар ситоиши ин ид суруданд.
Бино ба иттилоъи ҳукумати шаҳри Душанбе, рӯзҳои 21-ум ва 22-уми март дар тамоми навоҳии ин шаҳр маросимҳои бошукӯҳи идона баргузор мешаванд ва гаштугузори оммавӣ низ. Маросими идонаи бузургтарини Наврӯзӣ қарор аст, рӯзи 21-уми март дар шаҳри Ваҳдат (Кофарниҳони собиқ) 20 километрии шаҳри Душанбе баргузор шавад ва тибқи иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, дар он раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва дигар аъзои ҳукумат ширкат меварзанд. Дар ин маросим ҳунармандони маъруфи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунанд ва ҳамчунин мусобиқоти мухталифи варзишӣ доир мешавад.
XS
SM
MD
LG