Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили Наврӯз дар Яғноб


Аз қадимулайём барои мардуми ориёӣ Наврӯз идест, ки омодагиҳо барои таҷлилашро барвақт, баробари расидани аввалин рӯзҳои офтобӣ шурӯъ мекунанд. Гандумро дар об тар мекунанд, то Наврӯз рӯзи дастархонашонро суманак оро диҳад, манзилҳои худро поккорӣ мекунанд, то дар Наврӯз хонаашон тозаву рӯшан бошад. Дар баъзе мавзеъҳо ҳанӯз дар арафаи Наврӯз дастархон мекушоянд. Идро аз нигоҳи мардум, бояд бо дастархони пур аз нозу неъмат бояд истиқбол кард.

Наврӯз иди бахшоиш низ ҳаст - расми бобоист, ки дар арафаи ид ва рӯзи ид мардум бояд кудурату душманиро аз дил берун кунанд, ҳамдигарро бубахшанд ва оштӣ кунанд. Ва аммо ин расм дар аксари манотиқи Тоҷикистон дар ҳоли фаромӯш шудан аст. Беш аз ҳафт даҳсолаи шуравӣ ҳокимони вақт талош карданд, ки суннатҳои бостонӣ, ба шумули суннатҳои Наврӯз аз зеҳни мардум пок шаванд. Вале расми бахшоиш ва дигар суннатҳои Наврӯзро мардуми як мавзеъи Тоҷикистон чун ҳазорсолаҳои пеш пос медоранд - мардуми кӯҳистони Яғноб.

Субҳи Наврӯз мардуми Яғнобро садои пири деҳа аз хоб бедор мекунад

Ба гуфтаи Тағоймуроди Ёрзод, яғнобшиноси тоҷик, пири деҳа нидо дармедиҳад, ки "Ҳой мардум, имрӯз Наврӯз аст, офтоб аз хонаи зимистон баромад ва вориди хонаи баҳор шуд. Шумо ҳам аз манзилҳо берун шуда онро истиқбол кунед."

Мардум дар идгоҳ ҷамъ меоянд, дастархони муштарак мекушоянд. Ва зеби ин дастархон ба ҷуз суманак боз шарбатест, ки аз суманак омода мешавад. Шарбатро аввал ба пиронсолон медиҳанд ва ҳама дуо мекунанд, ки ин шарбат онҳоро то Наврӯзи дигар нерӯманд нигаҳ дорад. Ба думболи ин кӯҳансолон афроди ранҷидаву қаҳриро рӯ ба рӯ мекунанд ва бо ҳам оштӣ медиҳанд. Сипас рақсу тарона ва бозиҳои мардумӣ шурӯъ мешаванд, ки қадимтаринашон чавгон аст.
Дигар аз маросимҳои наврӯзии яғнобиён - ҷуфтбаророн аст.

Пири деҳа халтаи гандум ба даст мегирад ва бо ин суханон дона ба замин меафканад.

Баъди ин дигар кишоварзон низ ба гандум мепошанд ва бо ҳамин мавсими кишт дар дурдасттарин минтақаи кӯҳии Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад. Ва аммо таҷлили Наврӯз бо рақсу таронаву бозӣ, чун анъана, дар Яғноб боз ҳафт рӯзи дигар идома меёбад.
XS
SM
MD
LG