Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Варзишҳои наврӯзӣ шурӯъ мешаванд


Рӯзи шанбе 19-уми март дар варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон даври охирини мусобиқоти гурӯҳӣ барои дарёфти ҷоизаи ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе» оғоз шуд. Тибқи низомномаи мусобиқот ҳашт дастаи беҳтарини ҳарду гурӯҳ барои ширкат дар марҳилаи дуввуми мусобиқот роҳ меёбанд. Дар айни ҳол шаш дастаи пешсафи гурӯҳҳо "Муродуллоҳ", "Сипар" , "Барқи тоҷик", "Испечак", "Қазоқон" ва "Роҳи абрешим" ба ҳаққи ширкат дар бозиҳои марҳилаи дуввум сазовор шуданд. Ду дастаи дигар баъди ҷамъбасти бозиҳои даври нӯҳум рӯзи якшанбе муайян хоҳанд гашт.

Рӯзи 20-уми март бахшида ба иди Наврӯз мусобиқот дар риштаҳои мухталифи варзиш баргузор мешавад. Бино ба иттилоъи Сафаралӣ Раҷабов, муовини аввали раиси Созмони мададгори мудофиаи Тоҷикистон дар деҳаи Учкӯли ноҳияи Рӯдакӣ,12-километрии Душанбе пойгаи мототсиклронон бо ширкати дастаҳои манотиқи мухталифи ин кишвар доир хоҳад шуд.
Назруллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG