Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳузури Амрико, муносиботи Тоҷикистону Русия, муроҷиати бонувон ба Эмомалӣ Раҳмонов ва ҷоизаи Путин ба Бӯрӣ Каримов


АМРИКО НИЯТИ ТАҚВИЯТИ ҲУЗУР ДАР ТОҶИКИСТОНРО НАДОРАД

«Азия Плюс» дар шумораи ин ҳафтаина мусоҳиба бо Роберт Легволд, сиёсатшинос ва профессори Донишгоҳи Колумбияи Амрикоро, ба нашр расонидааст. Профессори амрикоӣ гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида мойил нест, то дар Тоҷикистон ҳузури худро ба таври назаррас тақвият бахшад. Ба назари сиёсатшиноси амрикоӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алоқаманд аст, дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бештар танҳо ба масоили қочоқи маводи мухаддир ва терроризм нишон бидиҳад. Мусоҳиби «Азия Плюс» афзудааст, ки Тоҷикистон дар нақшаи Амрико як нуқтаи дорои аҳамияти стратегӣ маҳсуб намеёбад. Сиёсатшиноси амрикоӣ бо таваҷҷӯҳ ба ин гуфтааст, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо Қазоқистон бо доштани фазои мусоиди сиёсиву сармоягузорӣ тавонистаааст, таваҷҷӯҳи Амрикоро ба худ ҷалб кунад. «Азия Плюс» аз қавли мусоҳиби худ нигоштааст, ки 90 дарсади сармоягузориҳои Амрико мустақиман ба ин кишвар рост меоянд.

ҶОИЗАИ ПУТИН БА БӮРӢ КАРИМОВ
«Вечерний Душанбе» иттилоъ додааст, ки Бӯрӣ Каримов - муовини раиси Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони кишварҳои муштаракулманофеъ бо фармони Владимир Путин - раиси ҷумҳури Русия ба дарёфти нишони ифтихории «Дустӣ» мушарраф гардидааст. Ба навиштаи ҳафтаномаи мазкур, ин мукофот ба Бӯрӣ Каримов барои саҳми ӯ дар таҳияи асноди танзимкунандаи фаъолияти Шӯрои роҳсозони кишварҳои муштаракулманофеъ тақдим шудааст.

РУСИЯИ АРБОБКАМОЛ ВА ТОҶИКИСТОНИ ОДИНА

«Тоҷикистон» таҳти унвони «Одинаи асри 21 вазъи ӯ сангинтар аз ҳамноми ӯст» ба вазъи муносиботи сиёсиву иқтисодии Тоҷикистону Русия пардохта, дар ин росто навиштааст, ки муносиботи Русия ба Тоҷикистон рафтори Арбоб Камол ба Одинаро мемонад. Ин нашрия афзудааст, ки солҳо боз таҳқиру озори тоҷикон дар Русия идома дорад. Танҳо дар соли 2004 - навиштааст «Тоҷикистон» аз Русия 490 тобути ба истилоҳ одинаҳои тоҷик ба ватан ворид шудааст, ки ин дар муқоиса бо талафоти солонаи қӯшунҳои коалитсионӣ дар Ироқ зиёдтар аст. Ин дар ҳолест, ки менависад нашрия дар Тоҷикистон аз ҳалокати 490 табааи ин кишвар касе ҷуз наздикони фавтидагон ба ташвиш намеоянд. Ва ҷомеаи беҳимоят ва бе пушту паноҳи тоҷик аз Русия омадани тобутҳоро ҳамчун як ҳодисаи маъмулӣ таҳаммул менамояд.

МУРОҶИАТИ БОНУВОНИ НОМЗАД БА ВАКИЛӢ БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОНОВ

«Наҷот» бештари матолиби шумораи ахири худро ба мавзӯи интихобот ихтисос додааст. Аз ҷумла дар ин робита номаи саркушодаи бонувони номзад ба вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҳисоби панҷ ҳизби сиёсиро унвонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба нашр расонидааст. Дар ин нома бонувон натоиҷи интихоботро ғайриодилона хонда, аз раиси ҷумҳур Раҳмонов хостаанд, онҳоро расман ба ҳузур пазирад, то шарҳи ҳолро дар робита ба интихобот аз забони худи онҳо бишнавад.
XS
SM
MD
LG