Пайвандҳои дастрасӣ

Ба Қиблайӣ хатари зери хок мондан таҳдид мекунад


Мирзо Зиёев - вазири ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон - ба Радиои Озодӣ гуфт, маъмурони имдодии ин вазорат 40 оилаи деҳаи Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ шимолушарқи шаҳри Душанберо, ки манзили онон зери хок мондааст, ба ҷойи бехатар кӯч додаанд. Рӯзи гузашта баъди боронҳо теппаи болои ин деҳа ба лағжидан шурӯъ карда, 40 манзилро ба пуррагӣ хароб кардааст ва ба дигар манзилҳои деҳа, ки дар маҷмӯъ беш аз 350 адад будаанд, ин хатар таҳдид мекунад.
Мирзо Зиёев гуфт, аҳолии ин деҳа бештар аз 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд ва мардуми ниёзманди он бо маводи зарурӣ таъмин шудаанд. Вазири тоҷик афзуд, вазорати ҳолатҳои фавқуллода ба мардуми деҳаи мазкур соли 2000-ум ҳушдор дода буд, то аз ин мавзеъи хатарнок кӯч банданд. Агарчӣ барои онҳо замин барои бунёди манзил дар ҷойи бехатар ҷудо шуда буд, аммо сокинони деҳа ба гуфтаи Мирзо Зиёев то кунун нахостаанд, манзилҳои худро тарк кунанд. Мирзо Зиёев, акнун тамоми мардуми деҳа ба ҷойи бехатар интиқол дода хоҳанд шуд.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG