Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омилҳои дубора интихоб шудани Сайдулло Хайруллоев ба мансаби раиси Маҷлиси Намояндагон


Интихоби дубораи Сайдулло Хайруллоев ба мақоми раиси палатаи поёнии Маҷлиси Олии Тоҷикистон миёни коршиносон ва дар доираҳои сиёсии кишвар вокунишҳои мухталифро ба бор овардааст. Бархе бар ин назаранд, бидуни кадом рақиб ва дубора ба ин мақом баргузида шудани Сайдулло Хайруллоев аз сӯи вакилони Маҷлис, ки аксарият узви Ҳизби Халқӣ-Демократии президент Раҳмонов мебошанд, намунаи рӯшани садоқати ин парлумон ба ҳокимияти иҷроия ва як навъи заминасозӣ барои интихоботи раёсати ҷумҳурист, ки дар соли оянда дар кишвар доир хоҳад шуд. Ин коршиносон мӯътақиданд, ки интихоби нафари дигар дар ин мақом метавонист афкори ҷомеаро барои тағйири мақоми болотар аз ин мансаб низ ангезиш бидиҳад, ки дар ҳеҷ сурат барои Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ қобили қабул нест.

Муҳаммадалии Ҳайит сиёсатшиноси тоҷик бар ин ақидааст, интихоби оқои Хайруллоев шабеҳи интихоботи вакилони Маҷлис аст, ки дар он ҳокимияти иҷроия тавонист, намояндаҳои фармоиширо бо шаҳодатномаи вакилӣ таъмин кунад. Ӯ афзуд, бо дар ихтиёри спикери пешини порлумон вогузоштани раёсати Маҷлис ҳукумат мехоҳад, ҷомеаро мутақоид созад, ки нафари дигаре наметавонад дар баробари раиси ҷумҳури феълӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ояндаи кишвар рақобат кунад.

Исмоил Раҳматов - коршиноси мустақили тоҷик сиёсати кадрии роиҷ дар Тоҷикистонро, ки усулан бар пояи маҳал ва ҷуғрофиё татбиқ мешавад, барои рушди кишвар зиёновар ва нодуруст арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, шояд ба ин хотир, ки беш аз 30 фоизи вакилони порлумон дар Маҷлиси пешин низ ҳузур доштаанд ва шахсияти Хайруллоевро шинос ва озмудашуда меҳисобанд, ӯро ба ин мақом такроран интихоб карданд. Аммо ба назари ин коршиноси тоҷик, шахсияти раиси порлумони нав дар ҷомеаи кишвар шинохта ва матраҳ набудааст.

Аммо бархе дигар аз ҷумла вакилони тозаинтихоби порлумони ҷадид бар ин ақидаҳо розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, шахсияти Хайруллоев барои ҷомеаи тоҷик ошност ва тайи муддати фаъолият дар зинаҳои гуногуни раҳбарӣ ҳам дар ҳокимияти иҷроия ва ҳам дар ҳокимияти қонунгузор тавонистааст, нақш ва ҷойи пойи худро ҳифз кунад.

Шерхон Салимов узви порлумони собиқ ва раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагони феълӣ бар ин бовар аст, ки таҷриба, малака ва дониши раиси нав дар таҳияи қавонини дархури шароит ва замон муфид хоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки Абдуғанӣ Мамадазимов - раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон интихоботи ахири порлумон ва интихоби дубораи Сайдулло Хайруллоевро як тамрини сиёсӣ дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ унвон кард. Оқои Мамадазимов мегӯяд, дар пайи ин машқ ҳукумат мехоҳад, бо ҳамин афрод ва ё тиме, ки дорад, вориди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бишавад.

Дар ҳар сурат мегӯянд коршиносон, то интихоботи раиси ҷумҳури Тоҷикистон як соли дигар фурсат ҳаст. Аммо интихоби раиси Маҷлиси Миллӣ - палатаи болоии Маҷлиси Олӣ, ки тибқи Қонуни Асосӣ мақоми дуввуми кишвар буда ва барои баргузории он чанд рӯзи башумор мондааст, метавонад ба ин баҳсҳо рӯшании бештар бидиҳад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG