Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Русия хостори афзоиши муҳоҷират ба кишвараш шуд


Президенти Русия Владимир Путин мегӯяд, бо мақсади афзоиши муҳоҷират ба Русия ва пешгирӣ аз коҳиши ҷиддии нирӯи кор дар ин кишвар бояд муносибати мақомоти давлат ба муҳоҷират ба куллӣ тағйир дода шавад. Путин дар маҷлиси Шӯрои Амнияти Русия гуфт, аҳолии қобили кори Русия торафт кам мешавад, аммо сиёсати муҳоҷират ба вуруди нирӯи тоза аз кишварҳои дигар ба Русия мамониат мекунад. Вай дар робита аз мушкилоти бюрократие сухан гуфт, ки муҳоҷиронро ба тарзи зист ва кори ғайриқонунӣ тела медиҳанд. Президент Путин ҳамчунин ба зарурати ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирон ишора намуд.
Миллионҳо нафар аз кишварҳои шӯравии собиқ дар Русия кор мекунанд ва чор миллион нафари онҳо ба таври ғайриқонунӣ дар ин мамлакат ба сар мебарад. Ба маълумоти созмонҳои байналмилалӣ, шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Русия наздик ба 1 миллион нафарро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди он ки Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқи онҳо созишнома ба имзо расондаанд, вазъи муҳоҷирони тоҷик рӯ ба беҳбудӣ нагузоштааст. Соли гузашта мақомоти Русия 90 ҳазор нафарро бо айбномаи иқомати ғайриқонунӣ аз кишвари худ ронданд, ки аксарияти ин теъдодро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил додаанд.
Салими Аюбзод
XS
SM
MD
LG