Пайвандҳои дастрасӣ

"Биҳишти нақд"-и мардуми Осиёи Марказӣ дар Маскав


"Биҳишти нақд" - намоишгоҳи гулдӯзиҳои қадимии мардуми Осиёи Марказӣ, ки бо ин унвон дар Осорхонаи шарқи Маскав ифтитоҳ шуд, армуғони ин осорхона ба алоқамандони ҳунарҳои мардумӣ дар арафаи Наврӯз аст. Бештари сӯзаниву ҷомаҳо ва тоқиву куртаҳо, аз ҷумла, сӯзаниву румол ва куртаву тоқиҳои чакан маҳсули дасти ҳунармандони Тоҷикистонанд. Муҳаммадраҳими Сайдар аз намоишгоҳи "Биҳишти нақд" дидан кард ва барои мо шунидани гузориши ӯ аз он ҷо, ин хати мисли баҳор сабзро клик кунед.
XS
SM
MD
LG