Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тасдиқи Барномаи мубориза бо бемории AIDS дар Осиёи Марказӣ


Дар баёнияи Бонки Ҷаҳонӣ, ки ба тозагӣ нашр шуд, гуфта мешавад, шумори гирифторони вируси кушандаи бемории АIDS дар ин чор кишвар тайи чанд соли ахир фавқуллода афзудааст. Масалан, дар ин кишварҳо соли 2000-ум танҳо 500 гирифтори HIV вируси норасоии маснӯияти бадан сабт шуда буд, аммо шумори онҳо дар соли 2004 ба 12 ҳазор нафар расидааст. Бино ба оморҳои ғайрирасмӣ эҳтимолан 90 ҳазор нафар бештар сокини ин минтақа олуда ба вируси HIV аст. Нашъамандӣ ва истифодаи сӯзандору барои истеъмоли маводи мухаддир бемориро дар Осиёи Марказӣ доман задааст ва аксарияти беморон низ ҷавононанд.

Дар Қазоқистон гирифторони вируси Эйч Ай Ви аз соли 2000 то 2003-ум се маротиба афзоиш ёфтаанд, дар Қирғизистон 9 маротиба, дар Тоҷикистон 17 маротиба, дар Узбакистон 16 маротиба. Танҳо дар моҳи аввали соли гузашта дар Тоҷикистон гирифторони вируси Эйч Ай Ви 25 фоиз афзоиш ёфтаанд. Ва тибқи омори тозаи Маркази мубориза бо бемории HIV/AIDS дар Тоҷикистон дар ин кишвар дар моҳи феврал 40 мавриди гирифторӣ ба вируси норасоии маснӯияти бадан ба қайд гирифта шуда, шумори беморон ба 357 нафар расидааст, агарчӣ оморҳои ғайрирасмӣ шумори онҳоро то 5 ҳазор нафар медонанд.

Ҷоана Годино муаллифи гузориши "Дурнамоҳо барои ҷилавгирӣ аз бемории AIDS дар Осиёи Марказӣ" гуфтааст, дар марҳилаи аввали эпидемияи беморӣ, даричае барои наҷот аз он боз аст, аммо дар сурати наандешидани тадобири фаврӣ гирифторони бемории СПИД дар кишварҳои минтақа то соли 2010 ниҳоят зиёд мешавад, ки дар ин ҳол таъсири бад ва дарозмуддати иҷтимоиву иқтисодӣ ба он кишварҳо хоҳад дошт.

Барномаи Бонки Ҷаҳонӣ барои Осиёи Марказӣ се ҳадаф дорад, боздоштани суръати афзоиши бемории HIV/AIDS дар Осиёи Марказӣ аз соли 2005 то 2010, таъсиси Бунёди минтақавии сармоягузории барномаҳои ҷилавгирӣ аз ин беморӣ, ки битавонад пас аз анҷоми лоиҳа низ фаъолият барад ва ҳамчунин беҳтар кардани ҳамкориҳои минтақавӣ дар ин самт. Деннис Де Трей - раҳбари минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ - гуфтааст, бемории AIDS марзҳоро намешиносад ва мубориза бо ин бемории бад бояд дастаҷамъона бошад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG