Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъ ва ояндаи Ховари Миёна аз нигоҳи муҳақиқони тоҷик


Конфронси минтақавии таҳти унвони «Ховари Миёна дар низоми нави геополитикӣ» дар шаҳри Душанбе бо ширкати донишмандон ва муҳақиқони масоили амниятӣ ва сиёсӣ доир шуд. Ба назари муҳақиқон бӯҳрони иқтисодӣ, номуназамии рушди иҷтимоӣ, ихтилофот бар сари наҳваи истифода аз захоири табиӣ яз як ҷониб ва аз суйи дигар маводи мухаддир ва тероризми байналмилалӣ аз таҳдидоти фазоянда ба амнияти минтақа мебошад.

Қосимшоҳ Искандаров - мудири Маркази низоъшиносӣ дар Фарҳангистони Улум ва аз сухангӯёни ин конфронс мӯътақид аст, ки бархӯрди манофеъи қудратҳо дар минтақа дар гузашта, аз ҷумла дар поёни асри нуздаҳ бо таъйини марзи Бухоро ва Афғонистон бар зиёни миллати тоҷик анҷом шуд. Ба гуфтаи оқои Искандаров, ин рақобатҳо ба сурати усулӣ ба сарнавишт ва қисмати миллатҳои минтақа акнун низ метавонанд таъсир гузоранд ва ҳадаф аз баргузории ин конфронс низ ҷустуҷӯ рӯи роҳҳои таъйини сиёсати миллӣ ва ҳамгуносзии сиёсати кишварҳо дар ростои назми нави ҷаҳонӣ мебошад.

Вай мегӯяд, кишварҳои абарқудрати ҷаҳон барои афзоиши нуфузи худ дар ин минтақа, ки саршор аз манобеъи энержӣ аст, саъй дорад ва Тоҷикистон бояд дар ин самт эҳтиёткорона рафтор намояд, то баъдан аз иштибоҳҳои худ пушаймон нашавад. Яке аз мушкилоти мавҷуд ба назари муҳақиқон талошҳои худхоҳонаи мақомоти бархе кишварҳои минтақа ва адами эътимод миёни кишварҳост, ки монеъ аз густариши ҳамкориҳо ва ҳамгироии минтақавӣ мешавад.

Яке дигар аз масоили мавриди баҳс дар конфронс вазъи пешомадаи вобаста ба ҳузури нирӯҳои фароминтақавӣ дар Афғонистон ва қазияи ҳастаии Эрон буд. Ба назари донишмандони тоҷик танҳо роҳе, ки Тоҷикистон метавонад дар ҷиҳати он ройзанӣ кунад, талош барои ҳалли мусолиматомези бӯҳрони пешомада мебошад. Вагарна ҳамагуна ташдиди авзоъ миёни Ирон ва Амрико бар зиёни Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG