Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Маҷлиси Миллӣ


Маҳмадсаид Убайдуллоев - раиси пешини Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе дубора ба номзадии палатаи болоии порлумони Тоҷикистон пешбарӣ шуд. Бино ба хабари Комиссияи Марказии Интихоботи Тоҷикистон, акнун шумораи номзадҳо барои ширкат дар интихоботи Маҷлиси Миллии ин кишвар ба 25 нафар расид. Маҷлиси Миллӣ ва ё палатаи болоии порлумони Тоҷикистон аз 34 намоянда иборат хоҳад буд ва 8 нафари онҳоро раиси ҷумҳур таъйин мекунад. Интихоби аъзои он, ки аз ҷониби вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ сурат мегирад, 24-уми март сурат мегирад. Тибқи Қонуни Асосӣ раисони ҷумҳури собиқ низ узви доимии Маҷлиси Миллӣ хоҳанд буд. Ҳоло Қаҳҳор Маҳкамов - раиси ҷумҳури собиқи Тоҷикистон узви 34-ум ва доимии ин маҷлис аст. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Кулоб мегӯяд, раиси ин шаҳр Абдуҷаббор Зардиев низ номзад ба Маҷлиси Миллӣ пешбарӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG