Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти сафири нави САҲА бо вазири тоҷик


Талбак Назаров - вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба муносибати интисоби Алан Куано ба симмати раҳбари нави Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе бо ӯ мулоқот анҷом додааст. Алан Куано, ки сафири Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Туркманистон будааст, дар ин мансаб Владимир Шугуровро иваз кард. Игор Сатторов - сухангӯи вазорати умури хориҷа ба Радиои Озодӣ гуфт, Талбак Назаров изҳори умедворӣ намуд, ки бо таъйин гаштани сафири ҷадиди САҲА раванди муносиботи Тоҷикистон бо САҲА вусъати бештар меёбад.
Таъйини раҳбари нави Маркази Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст 17- ми март дар шаҳри Душанбе нишасти сафирони ин созмон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардад. Абдуалӣ Тоҳиров - масъули умури сиёсии Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе бо эъломи ин хабар гуфт, дар ҷараёни ин нишаст вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва экологии минтақа мавриди гуфтӯгу қарор мегирад. Ҳамчунин дар ин нишаст нозирони байналмилалӣ, ки раванди интихоботҳои ахири кишварҳои ҷамоҳири Осиёи Марказиро назорат карданд, ширкат меварзанд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG