Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вақте одамон кушта мешуданд, касе дар ғами дарахтон набуд...


ҚОНУНИ ҶАНГАЛ

Вақте "қонуни ҷангал" мегӯянд, одатан беқонуниро дар назар доранд. Чунончи, дар авҷи нооромиҳои таърихи начандони дури кишвар, вақте ки силоҳ ҷои шиори сиёсӣ, порлумон ва ҳукумати иҷроияро гирифта буд, нашрияҳои хориҷӣ менавиштанд, дар Тоҷикистон ҳама чиро "қонуни ҷангал" ҳал мекунад. Яъне дасти зӯр ва ё дараҷаи хашму дарандагӣ.
Аммо ҳоло вақте мегӯем, ки дар Тоҷикистон қонуни нави ҷангал ва барномаи даҳсолаи ҳифзу рушди бешазорон дар ҳоли таҳия шудан аст, манзури мо воқеъан қонунест дар ҳимояи нозӯрон ва бечорагоне, ки ба зӯрдастиҳои ҳазрати инсон посух дода наметавонанд ва ҷангалҳои бе ин ҳам ками Тоҷикистон (ҳамагӣ 3 дарсади қаламрави кишвар) на танҳо дар зимистонҳои сахту беангишт, балки ҳамчунин дар ҷараёни ҷанги дохилӣ ва машқҳои ҳарбии нирӯҳои Русия дар кишвар низ нобуд мешаванд. Созмонҳои ҷаҳонии ҳифзи табиат ҳар бор вақте дар Бешаи палангон машқҳои ҳарбӣ сар мешуданд, бонги изтироб мезаданд ва ҳар бор ба ин ҷангалзор аз тиру тӯп зиёнҳои сахте расидааст. Ва ҳамагӣ якуним сол пеш бар асари тирандозии чархболҳои Русия 18 гектар ҷангал дар Шулашдара ва Тангдараи Кӯлоб ба коми оташ рафта, се сокини деҳаи Чиллагоҳ кушта шуданд. Шоҳидон мегӯянд манзараи сӯхтор филмҳои ҷанги Вйетнамро ба хотир меовард. Кумисюни давлатӣ таҳти сарварии он вақт ноиби сарвазир Саидамир Зуҳуров, ки барои омӯзиши масъала ба ҷои воқеъа сафар карда буд, мӯҳри хамӯшӣ ба лаб задааст. Як кумисюни дигар, ки ба омӯзиши сӯхтор дар Бешаи палангон дар натиҷаи машқҳои ҳарбии нирӯҳои Русия ва Тоҷикистон рафта буд, мисли ин ки аз бешаи бепаланг барнагашт. Воқеъияти ҳифзи ҷангал дар Тоҷикистон дарднок аст. Ва мебинем, ки чӣ қадар биёбонест дар байни сухан ва амал. Тазмин додан мушкил аст, ки қабули қонуни нав ва барномаи дарозмуддат хоҳанд тавонист, тарзи тафаккурро иваз кард.
Сайёҳоне ки аввалин бор ба дараи Варзоби Тоҷикистон омадаанд, навиштаанд, ки аз ҳозира боғи Айнӣ сар карда ҷангалзори торике то деҳаи Зиддӣ доман густарда буд. Барои расидан то деҳаи Харангони ин дара беш аз сӣ рӯз ҷангал буридаанд. Агар он сайёҳон Варзоби имрӯзаро медиданд, шояд ба чашмони худ бовар намекарданд.
(Ин мавзӯъҳо дар ду гузориш аз ҳамкоронам Раҳматкарими Давлат ва Сайёфи Мизроб)

НАЗАРИ КОРШИНОСИ ХОРИҶӢ

Ҳамкорам Холидаи Қодир, ки ҳар дафъа саҳифаҳои маҷаллаи Ҳамнафасро мегардонад ва роҳро ба мавзӯъҳои нав боз мекунад, дар як гуфтугӯи телефонӣ бо олими зистшинос ва корманди созмони ҷаҳонии Greenpeace ва ё Сулҳи Сабз Гевин Эдвардс аз ӯ пурсид, бо кадом роҳҳо метавон ба ҳифзи ҷангалҳо ноил гашт?

Гевин Эдвардс: Чанд роҳ вуҷуд дорад. Яке, худи ҳукумат бояд иқдоми сахт гирад бар зидди бурида шудани ҷангалҳо ва ё ҳар гуна зиёну таҳдиди дигар ба бешазорон. Дигар, худи мардуми маҳаллӣ бояд аз чанд ҷиҳат дар ҳифзи ҷангалҳо манфиатдор бошанд ва дарк кунанд, ки пойдор мондани ҷангалҳо ба зиндагии худи онҳо ва таъмини рӯзгорашон низ таъсир дорад.

Холидаи Қодир: Агар мо, инсонҳо ҷангалро ҳифз накунем, чӣ чиз иттифоқ хоҳад афтод?

Гевин Эдвардс: Мо аллакай ҳаштод дарсади ҷангалҳои қадмии ҷаҳонро аз даст додем ва вақте ки мо ҷангалҳоро аз даст медиҳем, ҳамчунин ҳайвоноти ин ҷангалҳо нобуд мешаванд. Ҷангалҳо ҳамчунин барои мардуми маҳаллӣ ва бумӣ муҳиманд, барои ҷамъ кардани гиёҳҳои шифобахш, масалан. Ва аслан, ҳифзи ҷангал ба маънои ҳифзи ҷаҳон, ҳифзи зиндагӣ дар замин аст. Мо ҳамчунин бояд ба мардуми маҳаллӣ ин маърифатро бидиҳем, ки ба хотири даромад худро ба ширкатҳои байнулмилалии тавлиди чӯб таслим накунанд.

Холидаи Қодир: Оё созмони Шумо дар ҳифзи ҷангалҳо ва муҳити зист ба кишварҳое монанди Тоҷикистон ва ё мардуми тоҷик чи кӯмак карда метавонад?

Гевин Эдвардс: Созмони Гринпис аз лиҳози байнулмилал бо барномаҳои гуногун дар бисёр кишварҳо фаъол аст, аз ҷумла дар кишварҳои истеъмолгар. Мо корҳои зиёди таблиғотӣ пеш мебарем, то афроде ҳадаф қарор гиранд, ки чӯби ғайриқонуниро харидорӣ мекунанд. Мо ҳамчунин бо ҷомеъаҳои маҳаллӣ ҳамкорӣ мекунем, то садои онҳро дар сатҳи ҷаҳонӣ пахш кунем ва мушкилро байнулмилалӣ мегардонем. Мо ҳамчунин ҳукуматҳоро водор мекунем, ки дар роҳи иҷрои ӯҳдадориҳои байнулмилалии худ дар бобати ҳифзи муҳити зист иқдоми ҷиддӣ гузоранд.

ДАВОМИ ДОСТОНИ МАРКО ПОЛО

Магар кофӣ нест, ки аз палангҳо фақат номи бешаи палангон монд ва дар минтақаи дигари Тоҷикистон, дар Бадахшон гӯсфандони машҳури Марко Поло аз дасти инсон рӯ ба фирор овардаанд. Муҳаммадшоҳ Қадамшоев, корманди Пажӯҳишгоҳи биологии Помир мегӯяд, ба ҳисобҳои дақиқтар саршумори ин навъи ҳайвоноти нодир дар Бадахшон ҳоло на 12 ҳазор, тавре ки гуфта мешуд, балки ҳамагӣ 5 ҳазор аст. Кормандони ин пажӯҳишгоҳ аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд, ба хотири ҳифзи гӯсфандони Марко Поло барои 10-15 соли оянда шикори он мамнӯъ эълон шавад. Аммо дар ҳамин бора ақидаҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки аз ҳамкорам дар Ню Йорк Латифи Латифӣ мешунавем. Вай бо касе мусоҳиб шуд, ки шикорчиёни ғарбиро ба Бадахшон, ба шикори гӯсфандони Марко Поло даъват мекунад.

ВА ДАР ХОТИМА

Ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон хатти телефоние пайдо шуд, ки боистифода аз он мешавад бо қочоқи инсон мубориза кард ва ҳам гумшудаҳоро пайдо. Мо ба ин шумора занг задем. Гӯшакро дар Душанбе Фозилҷон Каримов, аз созмони ғайридавлатии Санитас бардошт, ки ин хатро ташкил кардааст. Он дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон, идораи намоиши телевизионии Русия "Жди меня" ва созмонҳои байнулмилал ба пешгирӣ аз қочоқи инсон ва ҷустану ёфтани одамони гумшуда машғул аст.
XS
SM
MD
LG