Пайвандҳои дастрасӣ

Имзои аҳднома миёни вилоятҳои Тоҷикистону Афғонистон


Байни шаҳрдории Хоруғ ва вулусволии Шуғнони Бадахшони Афғонистон аҳднома оид ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ, беҳдоштӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид. Дар маросими имзои ин аҳднома Улфат Абдулбеков - мири шаҳри Хоруғ ин санади байни Вилояти Мухтори Бадахшони Тоҷикистон ва Вилояти Бадахшони Афғонистонро қадами дигар дар роҳи густариши равобити манотиқи ҳамҷавори ҳар ду кишвар номид.
Тибқи ин аҳднома, шаҳрдории Хоруғ муваззаф шудааст, барои ривоҷ додани тиҷорати наздисарҳадӣ дар нуқтаи Теми шаҳр мусоидат намояд ва ҳамчунин дар мавриди зарурӣ сокинони бемори вулусволии Шуғнонро барои табобат дар шифохонаҳои маркази вилоят дар ивази пардохти маблағи муайян бипазирад.
Ҳамчунин сафарҳои мутақобилаи гурӯҳҳои ҳунарӣ ва фарҳангӣ байни шаҳри Хоруғ ва вулусволии Шуғнон дар назар гирифта шудааст. Абулмусавил Сарварӣ раҳбари вулусволии Шуғнон имзои аҳдномаро барои 27 ҳазор аҳолии ин вулусволӣ муҳим хонд, зеро онҳо муддати 8 моҳ ба иллати масдуд шудани роҳҳо дар фасли сармо аз маркази Афғонистон канда мешаванд ва танҳо ба молу маводи арзонтар ва имконоти беҳдоштӣ аз минтақаи ҳамҷавор бархурдор мешаванд.
Ҳайъати вулусволии Шуғнон ҳамчунин дар ҳолати банд будани роҳҳо ба сӯи марокизи Афғонистон хостори истифодаи роҳҳои транзитии Бадахшони Тоҷикистон ба манотиқи дигари кишвари худ ва пазируфтани муҳассилин ба Донишгоҳи Хоруғ шуданд. Феълан дар минтақаи Бадахшон дар се нуқта Ишкошим, Теми Хоруғ ва Дарвоз байни тоҷирони ҳар ду тараф табодули молу коло сурат мегирад.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Хоруғ
XS
SM
MD
LG