Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди ду номзади ҲКТ ба Маҷлиси вилояти Суғд


Дар раъйдиҳии такрорӣ барои интихоби намояндагони Маҷлиси вакилони вилояти Суғд дар ноҳияҳои Исфараву Панҷакент ду намояндаи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон бо касби орои бештари раъӣдиҳандагон соҳиби курсиҳои вакилии Маҷлиси вилоятӣ шудаанд ва эҳтимолан дар ноҳияи Мастчоҳ интихоботи такрорӣ доир мегардад. Барои курсиҳои вакилӣ дар маҷлиси вилоят дар ин ноҳия номзадҳои Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва Халқии Демократӣ ва дар Панҷакенту Исфара намояндагони ҳизби ҳоким бо номзадҳои худпешбарӣ рақобат мекарданд.
Рӯзи 15-уми март Абдуҷамил Сатторов - раиси Комиссияи марказии интихоботи Суғд дар бораи натиҷаҳои раъйдиҳии такрорӣ дар се ҳавза гуфт: «Дар овоздиҳии такрории рӯзи 13 - уми март Ҳусейн Нуриддинов дар Исфара ва дар Панҷакент Ҳаким Маҳкамов вакилони Маҷлиси Суғд интихоб шуданд. Аммо дар бораи натиҷаи раъйдиҳӣ дар ноҳияи Масчоҳ аз тарафи ҳар ду номзад шикоятҳо расид, ки комиссияҳои қитъавӣ ҳангоми раъйдиҳӣ ва ҳисоби варақаҳо ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додаанд."
Абдуҷамил Сатторов афзуд, масъулони интихобот фаъолияти комиссияҳои қитъавии ҳавзаи Мастчоҳро бинобар шикояти номзадҳо таҳқиқ мекунанд. Аммо бахши суғдии Ҳизби Наҳзат мегӯяд, дар раъйдиҳӣ дар ҳавзаи Масчоҳ номзади онҳо Ҷумъабой Боқиев бо касби 10 ҳазор раъй ғолиб омадааст. Додоҷон Ёқуб - узви раёсати бахши ҳизб аз эҳтимоли бекор кардани натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар ин ҳавза изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, то кунун эълон нашудани натиҷаҳои овоздиҳӣ аз ҷониби комиссияи ҳавзавӣ иқдоми ғайриқонунӣ аст. Комиссияи марказии интихобот ба Маҷлиси вакилони Суғд мегӯяд, қарори ниҳоиро дар бораи натиҷаҳои раъйдиҳии такрорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ пас аз анҷоми тафтиши кори комиссияҳои қитъавӣ то ду рӯзи баъд эълон хоҳад кард.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG