Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Варзишгарони тоҷик ҷоизаҳои мусобиқоти байналмилалии Тошкандро аз они худ карданд


Варзишгарони ҷавони Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ дар шаҳри Тошканди Узбакистон дар давидан ба масофаи мухталиф соҳиби панҷ медал гардиданд. Ғайрат Неъматов, мураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо эъломи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқот зӯртарин варзишгарони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат доштанд.

Намояндаи Тоҷикистон Александр Базаев, аз шаҳри Хуҷанд дар давидан ба масофаи 800 ва 1500 метр ду медали тилло ба даст овард. Олга Герасимоваи душанбегӣ масофаи 200 метрро дуввумин шуда тай намуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Ӯ ҳамчунин дар давидан ба масофаи 60 метр мақоми севвумро ишғол кард ва соҳиби медали биринҷӣ шуд. Варзишгари дигари тоҷик Фирӯз Ҷангибеков, аз шаҳри Турсунзода дар давидан ба масофаи 3 километр муваффақ ба дарёфти медали биринҷӣ гардид.

Дар бораи мусобиқоти донишҷӯёни шаҳри Душанбе, ки беш аз ду ҳазор варзишгар аз 16 макотиби олӣ дар 11 риштаи варзиш рақобат хоҳанд кард, мусобиқот оид ба баскетболу волейбол ва футболи хурд оғоз шуд. Ғолибони мусобиқоти шаҳрӣ барои ширкат дар марҳилаи ниҳоии бозиҳои ҷумҳуриявии донишҷӯёни тоҷик, ки аз 23-юм то 28-уми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд, роҳ меёбанд.
XS
SM
MD
LG