Пайвандҳои дастрасӣ

SPJ: Ҳалқаи гӯлӯи матбуот дар Тоҷикистон тангтар мешавад


Латифи Латиф

Кумитаи байналмилалии дифоъ аз журналистон SPJ Русия ва кишварҳои муштаракулманофеъро мамолике номидааст, ки шароити фаъолияти хабарнигорон дар онҳо бадтар мешавад. Дар гузориши тозанашри ин кумита омадааст, дар Тоҷикистон аввали соли 2005 мақомоти ҳукуматӣ бо роҳҳои бюрократӣ ва таҳдидҳои бевосита рӯзноманигоронро маҷбур мекарданд, то дар остонаи интихоботи порлумонӣ аз танқиди президент ва наздиконаш даст кашанд.

Кумитаи байналмилалии дифоъ аз журналистон аз боздошти нашри ҳафтномаҳои "Рӯзи Нав" ва "Нерӯи Сухан", таҳдиди вазири адлия ба хабарнигори "Бизнес и Политика" Наргис Зокирова, қазияи бозгашти Додоҷон Атоуллоев ба Тоҷикистон, мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтани муҳаррири нашрияи "Одаму Олам" Мираҳмад Амиршоев ва мусодира шудани санадҳои ин нашрия ва дигар қонуншиканиҳоро ёдовар шудааст.

Алекс Люпис - масъули ин кумита дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ доир ба маҳдуд шудани озодии журналистон дар ин минтақа ба Радиои Озодӣ гуфт: "Тамоюли умумӣ ба сӯи ташдиди назорати давлат ба расонаҳои мустақил ба чашм мерасад. Он чиро ки мо мебинем, равиши умумист. Ин ҳукуматҳо роҳи таҳҳамулнопазирӣ нисбат ба расонаҳои мустақилро пеш гирифтаанд. Онҳо аз масъулини давлатӣ, додгоҳҳо ва додситониҳои сиёсатзада ва ниҳодҳои интизомӣ дар шаклҳои гуногун барои таҳдид, тарсондан ва азият додани рӯзноманигорон ба мақсади идома додани худсенсорӣ истифода мебаранд."

Дар гузориш омадааст, ки соли гузашта дар сартосари ҷаҳон 56 рӯзноманигор ҳангоми иҷрои вазифа ба ҳалокат расиданд. Ин бузургтарин теъдоди ҳалокати журналистон дар даҳ соли ахир аст. Тибқи гуфтаи SPJ Ироқ хатарноктарин кишвар барои фаъолияти хабарнигорон боқӣ мондааст.

Гузориши комили SPJ оид ба Тоҷикистон бо забони русӣ
XS
SM
MD
LG