Пайвандҳои дастрасӣ

Шиддат гирифтани рақобати ширкатҳои таъминкунандаи хадамоти Интернет дар Тоҷикистон


Имрӯз 15 март дар Душанбе ширкати ҷадиди интернетии амрикоиву тоҷикӣ бо номи "Такома" ифтитоҳ меёбад. Александр Шоҳназаров - раҳбари идораи маркетинги ин ширкат ба Радиои Озодӣ гуфт, "Такома" бо номи "Азия-линк" аз 10 соли қабл дар Қирғизистон фаъолият дошт ва соҳиби мутахассисони пуртаҷриба низ мебошад.
Ба гуфтаи Александр, ширкати "Такома" мехоҳад, барномаҳои ройгони омӯзиширо барои бештар кардани истифодабарандагони Интеренет дар Тоҷикистон ба роҳ монад:

"На ҳамаи мардум дар Тоҷикистон ба Интернет дастрасӣ доранд ва медонанд, ки он чист. Аз Интернет танҳо як гурӯҳи хурди ҷомеа истифода мекунад ва баҳои гарони истифодаи он теъдоди хоҳишмандонро ҳам коҳиш медиҳад. Аз ин рӯ мо барномаҳои омӯзишии ройгонро низ ба роҳ мемонем, то ин ки талаботи ҷомеа ба Интернет афзояд."

Тибқи иттиллоъи масъулини ширкати "Такома", онҳо мизоҷонро бидуни пардохти маблағ ба Интернет пайваста мекунанд, вале арзиши истифодаи он бо назардошти тавони молии мизоҷ муайян карда мешавад. Барои мисол бар ивази 21 сомонӣ як мизоҷ метавонад, аз Интернет ҳудуди 150 соат истифода намояд.
XS
SM
MD
LG