Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози нархи нафт ва таъсири он ба иқтисоди ларзонаки Тоҷикистон


Агарчӣ даҳ кишвари узви ОПЕК, созмони кишварҳои тавлидкунандаи нафт рӯзе дар маҷмӯъ 27 миллион баррел нафт истеҳсол мекунанд, вале мутахассисон мегӯянд, ки ин миқдори нафт барои қонеъ кардани тақозои афзояндаи бозор кофӣ нест. Ҷейсон Фиер, ноиби раиси ширкати байналмилаллии "Аргус Медиа", ки дар Сингапур қароргоҳ дорад ва вазъи бозору тиҷорати нафту газро дар ҷаҳон пажӯҳиш мекунад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ доир ба сабаби болоравии басуръати нархи нафт ва паёмади он ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ гуфт:

"Болоравии нархи нафт якчанд сабаб дорад. Якум, талаботи ҷаҳонӣ ба маҳсулоти нафтӣ хеле зиёд аст. Ба вижа, талаботи Амрико ва Чин дар тӯли як соли ахир ба нархи нафт дар бозори ҷаҳон таъсири ҷиддӣ гузошт. Сабаби дигар ин аст, ки кишварҳои тавлидкунандаи нафт натавонистаанд, ба зудӣ сатҳи тавлиди нафтро ба андозаи талаботи афзояндаи бозор мутобиқ намоянд. Яъне вазъият ҳоло чунин аст, мавод кофӣ нест, вале талабот ба таври ҷиддӣ боло меравад."

Аз Ҷейсон Фиер пурсидам, ки афзоиши нархи нафт ҷараёни муваққатӣ аст, ё ин раванд дар дарозмуддат давом мекунад?

Вай гуфт: "Ба назар чунин мерасад, ки ин раванд ҳадди аққал чанд соли оянда низ давом мекунад. Афзоиш додани имконоти тавлид ду то чаҳор солро дар бар мегирад. Барои афзоиш додани тавлиди нафт бояд манобеъи табии он муайян, барномаҳо ва таҷҳизоти зарурӣ муҳайё карда шавад. Барои ин кор барномарезии тӯлонӣ ва пули зиёд зарур аст. Ғайр аз он, агар дар иқтисоди Чин ё Амрико, ё куллан дар иқтисоди ҷаҳон ягон раванди коҳиши иқтисод шурӯъ шавад, он гоҳ талабот ба нафт кам шуда, нархи нафт низ поён меравад. Хулоса, агар ягон таконе ба иқтисоди ҷаҳонӣ ба амал наояд, ба фикри ман, нархи нафт чанд соли дигар баланд боқӣ мемонад."

Доир ба паёмадҳои гарон шудани нархи нафт ба иқтисоди ҷаҳонӣ Ҷейсон Фийер чунин меандешад:
"Ин як масъалаи ҷолиб аст. Сабаби талош накардани тавлидкунандагони нафт барои коҳиши нархи нафт дар он аст, ки ба ақидаи онҳо афзоиши нархи нафт то чиҳилу панҷоҳ доллар ба рушди иқтисоди ҷаҳон таъсир надорад. Агар ин ақидаи онҳо дуруст бошад, пас барои пойин бурдани нархи нафт ангезаи зиёд вуҷуд надорад. Вале агар, масалан дар иқтисоди Амрико рукуд шурӯъ шавад, истеҳсолкунандагони нафт нархи нафтро поин мебаранд, зеро рукуди иқтисодҳои бузург боиси кам шудани талабот ба нафт мегардад. Хулоса, тавлидкунандагони нафт дар таҷрибаи чандсолаи худ диданд, ки нархи нафт аз 35 то 55 доллар ба рушди иқтисоди ҷаҳон таъсири ҳалкунанда намегузорад. Аз ин сабаб, ҳоло онҳо барои поин бурдани нархи нафт ангезае надоранд."

Ҳамин гуна ба назари тавлидкунандагони нафт ва коршиносон, афзоиши нархи нафт рушди иқтисоди ҷаҳонро халалдор намекунад. Вале магар болоравии қиммати маҳсулоти нафтӣ, аз қабили бензину сӯзишвории дизелӣ, ба вазъи иқтисоди Тоҷикистон ва ба зиндагии рӯзмарраи сокинони Тоҷикистон таъсир нахоҳад кард?
Ин масъаларо бо иқтисоддони тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар миён гузоштем ва барои шунидани мусоҳиба бо ӯ ин хати сабзро клик кунед.
XS
SM
MD
LG