Пайвандҳои дастрасӣ

SIFE донишҷӯёни тоҷикро тиҷорат меомӯзад


SIFE, яъне Students in Free Enterprise ё худ Донишҷӯён дар Соҳибкории Озод як ҳаракати донишҷӯҳо мебошад ва соли 1975 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъсис ёфтааст. Ин созмон 1996, ҳамагӣ нӯҳ сол қабл статуси созмони ғайриҳукуматии байналмилалиро ба худ мегирад ва яке аз аввалин аъзои ғайриамрикоии ин ҳаракат донишгоҳи давлатии Хуҷанд мебошад. Шурӯъ аз соли 1998 дар Тоҷикистон низ мусобиқоти миллии SIFE баргузор мешавад.

Сабқати SIFE аз таъйин сохтани беҳтарин барномаи тиҷоратии донишҷӯён иборат аст. Тариқаи ширкат дар сабқат чунин аст. Тимҳои донишгоҳҳо, яъне худи ҳамон донишҷӯён бо кӯмаки устодонашон барномаҳои тиҷоратӣ, маърифатӣ ва ё иттилоотие таҳия ва пиёда мекунанд ва гузорише аз натиҷаи фаъолияти яксолаи он барномаи худро ба сабқат пешниҳод мекунанд. Барномаҳои сердаромадтарин ва муваффақтарин ғолиби озмун мегарданд.

Ӯктам Ҷумъаев - ҳамоҳангсози ҳаракати SIFE дар Душанбе мегӯяд, ин сабқатҳо ва талошҳои ин ҳаракат ба рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонон равона шудааст: "Ин сабқатҳо махсусан ҷавононро барои ба роҳ мондани ягон кори ҳам барои худашону ҳам барои ҷомеа муфид такон медиҳад. Ҷавонон дар худ масъулияте ҳамчун созандаҳои ҷомеаи навин ҳис мекунанд."

SIFE дар пешбурди лоиҳаҳои беҳтарини сабқат ва густариши фаъолияти онҳо мусоидат мерасонад. Айни ҳол охирин тими узви сабқатҳои SIFE дар Тоҷикистон Донишгоҳи муосири тоҷикӣ - русии Душанбе мебошад, ки нахустин бор дар мусобиқаи сол гузашта, соли 2004 ширкат карда буд. Равшан Абдуллоев - садри тими ин донишгоҳ мегӯяд, онҳо тадқиқоти маркетинги худро пешниҳод карда буданд, ки махсус барои бархе аз ширкатҳои тиҷоратӣ анҷом дода буданд. Имсол бошад ин тим тасмим гирифтааст, як барномаи маърифатии худро пешниҳод намояд. Равшан мегӯяд, онҳо мубоҳисоти парламентӣ баргузор намуда буданд, ки дар он беш аз дусад нафар донишҷӯву талаба аз макотиби оливу миёнаи Тоҷикистон ширкат доштанд.

Дар Тоҷикистон мусобиқаи SIFE аввал дар ду лига, лигаи Шимол ва лигаи Ҷануб гузаронида мешавад ва баъдан ғолибони ду лига дар бозии ниҳоӣ қаҳрамони сабқати миллии SIFE дар Тоҷикистонро муайян месозанд. Дар соли 2004 ин унвонро Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати шаҳри Хуҷанд соҳиб шуда буд ва Тоҷикистонро дар мусобиқоти байналмилалии SIFE дар Барселонаи Испания муаррифӣ кард. Имсол сабқати SIFE дар моҳи апрел шурӯъ мешавад ва қаҳрамони Тоҷикистон дар бозиҳои байналмилалӣ дар Торонтои Канада ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG